03:45:38 29-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ГУРӮҲИ СОКИНОНИ СУҒД ДАР РУСИЯ

Идораи корҳои дохилии Суғди Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳ аз сокини ин вилоят, ки бо иттиҳоми содир кардани ҷинояти хусусияти террористӣ дошта, таҳти ҷӯстуҷӯи байнидавлатӣ қарор доштанд, аз ҷониби пулиси Русия боздошт шудаанд. Генерал Рауф Юсупов, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд теъдод ва ному насаби онҳоро унвон накард, аммо афзуд, нисбат ба ин нафарон аз ҷониби мақомоти интизомии Суғд барои узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ҷалби муҳоҷирони корӣ ба сафҳои худ парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шудааст.

 

Ӯ афзуд, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ду нафари боздоштгардида ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат карда, аммо ин масъала ҳанӯз ҳал нашудааст. Ба маълумоти идораи корҳои дохилии Суғд, дар ҳоли ҳозир 41 сокини вилояти Суғд ба фаъолият дар гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав айбдор шудаанд, таҳти ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доранд.

 

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ибтидои соли равон ду сокини Суғд, Қудратулло Неъматуллоев ва Идрис Сатторов, ки ба судури як идда ҷиноёти вазнин муттаҳам мешуданд, дар Русия ва Қазоқистон боздошт ва ба Хуҷанд истирдод карда шуданд. Додгоҳи вилояти Суғд онҳоро аз рӯи бандҳои зиёди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба ҳабс кард.

 

Анвар Нурмуҳаммадов, вакили дифоъи Қудратулло Неъматуллоев, ки додгоҳ аз рӯи 20 банд, аз ҷумла таъсиси воҳиди низомӣ, терроризм, даъват ба сарнагун намудани сохтори қонунии давлати Тоҷикистон айбдор мекард, ба Озодӣ гуфта буд, ки зерҳимояаш иттиҳомотро қисман қабул дорад.

 

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2775-2010-07-27-11-32-21.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ