БОЗДОШТИ МАВЛАВӢ АБДУҚАҲҲОР ВА ДАҲҲО ШОГИРДИ Ӯ
Мавлавӣ Абдуқаҳҳор, рӯҳонии ҷавон дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро ҳамроҳ бо даҳҳо тан аз шогирдони наврасаш боздошт кардаанд.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Мавлавӣ Абдулқаҳҳор бидуни хатти муҷаввиз ба таълими пулакӣ машғул буда, вале ҳатто оддитарин меъёрҳои беҳдоштӣ дар мадрасааш муроот намешуд. Вале наздикони Мавлавӣ Абдуқаҳҳор ба Озодӣ гуфтанд, ки ӯро барои таълимӣ динӣ доданаш ба пайвандону ҳамсоягон боздошт кардаанд.Онҳо мегӯянд, ки ӯ дар мавсими таътилоти тобистона ба наврасон таълими динӣ медод.
Ин иттилоъро сомонаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ нашр карда, аз ҷумла навиштааст, ки «раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили вазорати умури дохилӣ аз деҳаи Дарёободи Рӯдакӣ ҳудуди 70 нафар наврасро якҷо бо Мавлавӣ Абдуқаҳҳор боздошт ва мавриди лату кӯб қарор додааст.»
Гуфта мешавад, ин боздошт дар чаҳорчӯби амалиёти саросарии “Мадраса” анҷом мешавад, ки алайҳи фаъолияти мадориси ғайриқонунии мазҳабӣ равона шудааст. Аммо коршиносони умур ҷилавгирӣ аз исломишавии бештари ҷомеаро аз аҳдофи аслии амалиёти нави мақомот ном мебаранд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2816-2010-08-02-09-57-05.html