УБАЙДУЛЛОЕВ БО МАРДУМ ҶАЛАСА МЕКУНАД
Бар асоси иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, рӯзи 23 августи соли ҷорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон, як ҷаласаи дарҳои боз хоҳад дошт. Тибқи иттилои ин манбаъ, ин ҷаласа соати ҳафти субҳи он рӯз дар толори муҷтамаъи “Пойтахт” бо ширкати куллияи мақомоти шаҳр баргузор мешавад ва ҳар сокини шаҳр метавонад, дар ин ҷаласа ширкат кунад.
Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе, гуфт, ки сокинони шаҳр, ки шояд қаблан ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд ва аммо пешниҳод ва ё шикоёти онҳо аз сӯйи мақомоти мухталифи шаҳрдорӣ нодида гирифта шудааст, метавонанд дар ин ҷаласа арзу доди худро ба шаҳрдор бирасонанд. Аммо вай афзуд, ки ба куллияи алоқамандони ширкат дар ин мулоқот тавсия мешавад, ки барои ширкат дар ин ҷаласа бо либоси расмӣ ҳузур пайдо кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2940-2010-08-20-22-55-56.html