13:46:22 02-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ 46 МУТТАҲАМ БА ДАРГИРИҲОИ ТАВИЛДАРА

Додгоҳи олии Тоҷикистон 46 нафар аз муттаҳамон ба даст доштан дар даргириҳои Тавилдара дар тобистони соли гузаштаро барои муҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи Шералӣ Шарипов, як масъули дафтари матбуъотии Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз миёни ин афрод ду нафар ба ҳабси абад, 23 нафар ба муҳлати 30 сол ва чанде дигар ба муҳлатҳои аз 10 то 27-солӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Дар миёни афроди маҳкумшуда шаш табаъаи Русия низ ҳастанд, ки панҷ тани онҳо ба муҳлати 19,5 сол ва як нафар ба муҳлати 30 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

 

Оқои Шарипов аз додани итилоъ дар бораи ҳувияти афроди маҳкумшуда худдорӣ кард, вале гуфт, ки муҳокимаи ин афрод ба далоили амниятӣ дар пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Аҳкоми Додгоҳи олии Тоҷикистон алайҳи ин гурӯҳ ҳанӯз эътибори қонунӣ наёфта ва маҳкумшудагон метавонанд дар муддате муъайян аз додгоҳи истинофӣ тақозои таҷдиди назар кунанд.

 

"Талош барои ғасби ҳокимият"

Ҳамакнун маълум нест, ки кадоме аз иттиҳомоти ворида алайҳи ин гурӯҳи 46-нафарӣ дар додгоҳ собит шудааст, вале пештар мақомоти додгоҳи олӣ гуфта буданд, ки ин афрод ба мушорикат дар як гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ, талош барои ғасби ҳокимият ва кудето, муттаҳам шудаанд. Чанде қабл манобеъи додситонии кул гуфта буданд, ки бархе аз ин афрод аъзои Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи исломгарои муртабит бо Алқоъида, ҳастанд. Ҳамчунин, ниҳодҳои интизомӣ ин гурӯҳро ба иртикоби мавориди зиёди қатл, роҳзанӣ, қочоқи маводди мухаддир муттаҳам кардаанд.

 

Ин афрод дар тобистони соли гузашта дар ҷараёни даргирии нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳе аз мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Неъмат Азизов дастгир шуда буданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони нерӯҳои исломии мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97, Клик кушта шуд.

 

Мақомоти давлатӣ баъд аз ин ҳодиса Мирзо Зиёевро, ки бештар бо лақаби "Мирзо Ҷага" маъруф буд, ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои теруристии муртабит бо Алқоъида ва ҳамчунин ба даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир муттаҳам карда ва изҳор доштанд, ки вай аз сӯйи "ҳаммаслакони худаш" кушта шудааст.

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ Саидаҳмад ва Муҳаммадризо, ду писари Мирзо Зиёевро, низ мутаносибан барои 30 ва 28 сол Клик ба зиндон маҳкум кард. Анвар Юсупов, муъовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар авосити моҳи июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ду писари Мирзо Зиёев низ дар таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ ва кӯшиш барои кудетои давлатӣ муҷрим шинохта шудаанд.

 

Даргириҳои Тавилдара

Тобистони соли гузашта шоеъоте дар бораи ҳузури гурӯҳҳои вобаста ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони гурӯҳҳои мухолифи давлат дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-97, дар Тавилдара пахш шуд. Вале манобеъи пулиси Тоҷикистон ҳамвора ин шоеъотро такзиб карда ва ба расонаҳо мегуфтанд, ки дар минтақаи Рашт ҳеч ҳодисае рух надода ва нерӯҳои давлатӣ дар он ҷо ба анҷоми амалиёти солонаи "Кӯкнор-2009" барои нобудсозии мазореъи кӯкнор машғуланд.

 

Бо ин ҳол, дар авосити моҳи июли соли гузашта Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ, нишасте матбуъотӣ баргузор кард ва дар бораи даргириҳои Клик мусаллаҳона дар Тавилдара иттилоъоти расмии муфассале ироа дод. Он замон эълом шуд, ки беш аз 40 нафар аз афроди мусаллаҳи вобаста ба гурӯҳҳои Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар минтақаи Рашт дастгир шудаанд, ки дар миёни онҳо шуморе аз шаҳрвандони Русия низ ҳастанд.

 

Аз ҷумла, телевизиюни Тоҷикистон 26 июли соли гузашта Клик хабари боздошти Магамет Сапиуллаев, як шаҳрванди доғистонитабори Русия ва мусоҳибае бо ин фарди боздоштшударо пахш кард, ки гуфта мешуд аз аъзои гурӯҳи Неъмат Азизов аст. Он замон эълом шуд, ки панҷ тани дигар аз аъзои ин гурӯҳ дар минтақаи Рашт кушта шудаанд. Тибқи иттилоъи пулис, фарде, ки дар навори телевизиюн суҳбат мекард, узви ҳамин гурӯҳ буда ва тавонистааст аз маҳалли даргирӣ дар мавзеъи Ҳавзи Кабуд, ки шаш нерӯи давлатии захмӣ ва панҷ кушта аз афроди мусаллаҳ барҷо гузошт, фирор кунад.

 

Ҳамакнун бо гузашти як сол аз даргириҳои Тавилдара, бисёре аз ҷузъиёти ин ҳаводис, аз ҷумла шумори дақиқи талафот дар миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳи мухолифи давлат, барои мардуми Тоҷикистон ҳамчунон норӯшан боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки мақомоти давлатӣ Мирзо Зиёевро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноёти дигар муттаҳам кардаанд, бархе аз шоҳидони айнӣ гуфта буданд, ки вай довталабона бо нерӯҳои амниятӣ ба ҳамкорӣ пардохт ва мехост байни нерӯҳои давлатӣ ва афроди мусаллаҳ миёнҷигарӣ кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2941--46----.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854