14:03:03 02-уми Июни 2025 сол

ҲАМКОРИИ МАРЗБОНОН БАРОИ БОЗДОШТИ ЗИНДОНИЁНИ ФИРОРӢ

Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки куллияи марзҳои ин кишвар ба ҳолати омодабоши ҷангӣ даромадаанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи ин кумита, гуфт, ки марзбонони кишварҳои ҳаммарз низ дар пайи ҳодисаи фирори 25 зиндонӣ аз Душанбе, дар заминаи тақвияти ҳифозат аз марз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд. Оқои Раҳматуллоев афзуд, ки ҷузъиёти ин хабар "иттилоъоти сиррӣ" маҳсуб мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол, телевизиюни давлатии Қирғизистон хабар дод, ки марзбонони тоҷик ва қирғиз дар марзи муштараки ду кишвар посгоҳҳои муваққатеро фаъол кардаанд. Мақомоти Вазорати кишвари Қирғизистон ба ин телевизиюн гуфтаанд, ки ин иқдом дар иртибот бо фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Душанбе анҷом мешавад. Телевизиюни давлатии Қирғизистон аз қавли коршиносони қирғиз гуфтааст, ки эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки ин гурӯҳи "ҷинояткорони сангин" талоши ворид шудан ба Қирғизистонро хоҳанд кард.

 

Ин шабакаи телевизиюнӣ Мадемин Саидов, муъовини раиси бахши Вазорати кишвари Қирғизистон дар вилояти Баткентро нишон дод, ки мегӯяд: "Афсарони мо ҳамроҳ бо пулиси тоҷик аллакай посгоҳҳои вижа таъсис додаанд. Мо ҳамаи талошҳоямонро барои боздошти ҷинояткорон хоҳем кард."

 

Ин шабакаи давлатӣ ҳамчунин гузориш дод, ки дар куллияи маҳаллоти ҳаммарзи Қирғизистон бо Тоҷикистон муқаррароти гузарнома (паспортный режим) эъмол шудааст. Ин манбаъ афзудааст, ки пулиси Қирғизистон аз ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди фирориён иттилоъоти зарурӣ дарёфт кардаанд ва "кормандони амниятӣ ва интизомии ду кишвар амалиёти ҷустуҷӯйӣ барои боздошти ҷинояткоронро ба роҳ андохтаанд."

 

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, шаби аз 23 ба 24 август 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳҳои муваққати Вазорати адлия ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Тибқи гузоришҳои расмӣ, ин афрод ба ҳангоми фирор панҷ корманди кумитаи амният ва вазорати адлияро кушта ва ду нафари дигарро маҷрӯҳ кардаанд.

 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тасовир ва феҳристи асомии аъзои ин гурӯҳи фирориёнро дар расонаҳои давлатӣ пахш кард. Дар ҳоле ки қаблан гуфта мешуд ду писари Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифони собиқи давлати Тоҷикистон дар миёни ин фирориён ҳастанд, асомии ин афрод дар феҳристи 25 фирорӣ, ки дар телевизиюн эълом шуд, шомил нест.

 

Манобеъи амниятии Тоҷикистон таъйид кардаанд, ки дар миёни фирориён Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, низ будааст. Вай дар моҳи июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми талош барои кудето ба 30 сол зиндон маҳкум шуда буд.

 

Пулиси Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 24 август дар дараи Ромит ва Файзобод чаҳор худрав пайдо кардаанд, ки эҳтимол меравад зиндониёни фирорӣ аз онҳо истифода карда бошанд. Вале ба гуфтаи манобеъи амниятӣ, то кунун ҳеч нишони дигаре аз маҳалли будубоши фирориён ба даст наомадааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2971-2010-08-25-12-18-42.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854