ҲАЛОКАТИ СЕ МУСАЛЛАҲИ МУХОЛИФИ ҲУКУМАТ ДАР РАШТ

Дар минтақаи Рашт тайи ду рӯзи ахир се узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта шуданд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон то тайиди ин хабар гуфт, ки амалиёти вижа дар 20 километрии маркази ноҳияи Рашт, дар наздикиҳои дараи Камароб, сурат гирифт. Ба иттилоъи ин манбаъ, яке аз мусаллаҳҳони кушташуда узви гурӯҳи Мулло Абдулло буд, ки дар Афғонистон тамрин дидааст. Ҳарсе нафар - зодагони минтақаи Рашт буданд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба манобеъи худ дар яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хабар додааст, ки мусаллаҳони халъи силоҳшуда бо низомиёни кишвар дар ҷустуҷӯи гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар бораи теъдоди афроде, ки ба ҳукумат таслим шудаанд, алҳол иттилоъи дақиқ зери даст нест. Дар нооромиҳои ахир дар водии Рашт таври маълум 28 сарбози артиши миллӣ кушта шуданд ва авҷи амалиёт алайҳи тундравон 40 нафари дигар ва 36 нафарашон дар як рӯз ҷон доданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/3374-2010-10-18-05-18-43.html