13:42:17 02-уми Июни 2025 сол

КАШФИ МУҲИММОТИ ҶАНГӢ ДАР РАШТ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд кормандони интизомӣ ба ҳангоми иҷрои амалиёте вижа миқдоре аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ дар минтақаи Рашт кашф кардаанд.

 

Дар ин бора як манбаъи вазорати умури дохилӣ ба Би-би-сӣ хабар дод, вале ӯ аз шарҳи ҷузъиёти ин амалиёт ва миқдори дақиқи аслиҳа ва муҳиммоти кашфшуда худдорӣ кард. Ба гуфтаи масъулони дафтари матбуъотии вазорати кишвари Тоҷикистон амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ дар водии Рашт ҳамчунин идома дорад. Қаблан мақомот аз кушта шудани ду пайкорҷӯ, ки яке аз онҳо ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, муттаҳам аст, хабар дода буданд.

 

Додарбек Каримов, сокини шаҳри Душанбе, ки 45 сол дошта ва мақомот ӯр узви фаъоли Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муъаррифӣ карданд, ба таърихи 14 ноябр дар як амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шудааст. Маъмурон дар ҷойи ҳодиса як худкори Калашников бо ҳафт тирдон ва 281 гулӯла пайдо кардаанд. Ба гуфтаи манобеъи пулис, оқои Каримов аз соли 2006 ба иттиҳоми таъсис ё узвият дар созмоне ҷиноӣ таҳти пайгарди нерӯҳои давлатӣ қарор доштааст.

 

Мақомҳои пулис мегӯянд, ки Додарбек Каримов дар байни солҳои 1995 ва 1999 бо Ҷумъа Хоҷаев, мулаққаб ба Ҷумъаи Намангонӣ, ки аз раҳбарони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон маҳсуб мешуд, ҳамкорӣ доштааст. Вай ҳамчунин дар иртикоби ҷароими сангин, монанди инфиҷорҳо дар шаҳри Душанбе ва қатли маъмурони давлатӣ даст доштааст. Фарди дигар, Машраб Убайдуллоев, як сокини 28-солаи шаҳри Исфара будааст, ки дар пайи муқовамат дар баробари нерӯҳои давлатӣ кушта шудааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854