БАРАК ОБАМА МУВАҚҚАТАН КОРНОШОЯМ ШУД
Бино ба иттилои бахши русии радиои «Озодӣ» Барак Обама дирӯз дар вақти бозии баскетбол, ки дар он хешовандон ва яке аз мушовиронаш ширкат мекарданд, лат хӯрда ба кӯмаки табибон мӯҳтоҷ шуд.
Ҳангоми бозӣ яке аз бозингарон бо оринҷаш аз беэҳтётӣ ба рӯйи Президенти ИМА мезанад, ки дар натиҷа лабаш мекафад. Духтури Қасри Сафед ба лаби Барак Обама 12 кӯк задааст,- хабар медиҳад намояндаи Қасри Сафед Роберт Гиббз.
«Рӯзгор»