11:12:43 01-уми Июли 2025 сол

ҲУКУМАТИ ҚУМСАНГИР БА ОМӮЗГОРОН ЗАМИН ДОД

Ҳукумати ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон барои 50 хонаводаи омӯзгорон дар ин ноҳия заминҳоеро барои сохтмони хона ихтисос додааст.

 

Улчазан Палаева, мудиришуъбаи маъорифи ноҳияи Қумсангир, ба Би-би-сӣ гуфт онҳо рӯйхати омӯзгорони беманзил ва онҳоеро, ки ба манзил ниёз доранд, таҳия карда ва ба онҳо қитаъоти заминро барои сохтмони хона ихтисос медиҳанд.

 

Ба гуфтаи хонуми Палаева, мақомоти маъорифи ноҳияи Қумсангир 9 омӯзгорро аз вилояти Бадахшон ба хотири таъмини омӯзгорон барои макотиби ноҳия бо хонаводаҳояшон даъват карда ва барои онҳо замин барои сохтмони хона ва шароити дигареро муҳайё сохтаанд.

 

Ҳадафи ҳукумати ноҳияи Қумсангир аз даъвати омӯзгорони бадахшонӣ ба ноҳияи ин ноҳия ҳалли мушкили камбуди омӯзгорон дар бархе мактабҳо ва мусоъидат ба таълим гирифтани мактаббачаҳо будааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ