12:54:55 01-уми Июли 2025 сол

БОЗДОШТИ МАҚОМЕ МАҲАЛЛӢ ДАР ХАТЛОН

Идораи зидди фасод дар вилояти Хатлон аз боздошти сардори корхонаи давлатии заминсозии ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа Ҳасан Юсупов хабар дод.

 

Манобеъи идораи зидди фасод гуфтанд, ки оқои Юсупов аз як сокини Қурғонтеппа, ки номаш зикр нашуда, барои расидагӣ ба аризааш дар бораи тахсиси қитъае замин ду ҳазор дулор ришва талаб кардааст. Оқои Юсупов барои қабули аризаи ин шаҳрванд 50 дарсади маблағи хостаашро рӯёнда ва дар ҳамин ҳол аз сӯйи кормандони идораи зидди фасод дастгир шудааст.

 

Манобеъи раёсати зидди фасод гуфтанд, ки Ҳасан Юсупов бар хилофи моддаи 32 (қисми 3), моддаи 279 (қисми 3) амал карда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин ҳол, шаҳрдори Қурғонтеппа Шарифхон Самиев гуфтааст, ки 98 дарсади сокинони шаҳр, ки рӯзи шанбе ба ҳукумат муроҷиъа карда буданд, аз надоштани манзили зист ва замин шикоят доштаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ