ДИДОРИ БОРУНЕС СТЕРН АЗ ДУШАНБЕ
Борунес Вивиен Стерн, аз аъзои Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё, барои ширкат дар тадобири марбут ба Ҳафтаи Ҳуқуқи Башар дар Тоҷикистон, ки намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо баргузор карда, вориди ин кишвар шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи сафорати Бритониё дар Душанбе, хонуми Стерн ду рӯз пеш вориди Душанбе шуда ва қарор буд бо раисони кумитаҳои ҳуқуқи башари маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон ва бо кумиссари ҳуқуқи башар (омбудсмен) ва мақомҳои вазорати адлияи ин кишвар мулоқот кунад. Хонуми Стерн пажӯҳишгари аршади Маркази Байналмилалӣ барои омӯзиши зиндонҳо дар Кингз Коллеҷи Ландан аст. Ин марказ ба мутолеъаи шеваҳои муҷозот ва вазъияти зиндонҳо дар ҷаҳон машғул аст. Борунесс Стерн ҳамчунин раиси ифтихории созмони байналмилалии Ислоҳоти Кайфарӣ (Penal Reform International (PRI)) ва аз бунёнгузорон ва дабири кулли собиқи ин созмон (1989-2005) мебошад.
Ин созмон ислоҳ дар умури зиндонҳо дар саросари ҷаҳонро таблиғу ташвиқ мекунад. Вай дар соли 1999 ба унвони як узви мустақилли Маҷлиси Аъён баргузида шуда ва ҳоло узви Кумитаи муштараки порлумонӣ дар бораи ҳуқуқи башар аст. Борунес Вивиен Стерн китобҳои зиёде дар бораи системи ҷазо навиштааст. Вай муҳаррири китоби "Маҳкум ба марг? Мушкили бемории сил дар зиндонҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ" аст, ки дар солит 1999 чоп шуд.
Би-Би-Си