07:21:19 08-уми Июни 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ ҲОФИЗИИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатҷони Муқим, ҳофизи мардумии Тоҷикистон дар синни 62 солагӣ баъди бемрии тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз театри халқии Қурғонтеппа оғоз карда буд ва муддати чанд соли охир дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ба сар мебурд.

 

Давлатҷони Муқим аввал ба ҳайси ҳунарманди хонаи маданият, сипас дар дар театри халқӣ ва баъдан дар театри мусиқӣ ва мазҳакавии шаҳру вилояти Қурғонтеппа фаъолият кардааст. Сурудаҳои "Губори дил", "Модар", "Муҳайяр", "Муноҷот", "Завқи дил", "Тамошо кун" аз ҷумлаи машҳуртарин офаридаҳои ҳунарии  Давлаҷони Муқим мебошанд, ки то кунун аз сӯи ҳунармандон ва мардум замзама мешаванд. Маросими ҷанозаи Давлатҷони Муқим дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854