07:55:45 08-уми Июни 2025 сол

ҚОТИЛИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ЗИНДОНӢ ШУД

Додгоҳе дар шаҳри Тюмени Русия як шаҳрванди Озарбойҷонро дар қатли се нафар муқассир донист ва ин фардро барои 18 сол равонаи зиндон кардааст. Рӯзи душанбеи 13-уми декабр, додгоҳи вилоятии шаҳри Тюмен дар охирин рӯзи мукокимаи Зулфиқор Мамедови 27 сола, эълом кард, ки оқои Мамедов дар қатли ду сокини Озарбойҷон ва як муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст.

 

arestБар асоси иттилоъи додгоҳ оқои Мамедов, субҳи 21-уми сентябр аз шаҳри Перми Русия ба шаҳри Тюмен барои кумак ба корҳои дӯсташ, Элхон Мамедов омада буд. Дар ин рӯз вай ҳамроҳ бо Элхон Мамедов ба қаламрави таъссисоти тиҷоратии мавсум ба «Сибирская на Барабинской», макони фаъолияти Қаҳрамоновҳо, як хонаводаи озарӣ омад ва ба сӯйи аъзои хонавода гулӯла шилик кард. Дар натиҷа бародарон Ҷассорат ва Сабуҳа Қаҳрамоновҳо шадидан захмӣ шуда ва ҷони худро аз даст доданд. Ромил Қаҳрамонов яке дигар аз бародарон дар ин тирпарронӣ ҷароҳат бардошт.

 

Вале як шаҳрванди 24 солаи тоҷик низ, ки номи ӯ эълом нашудааст дар ин ҳодиса ҷон медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик дар муассисаи тиҷоратӣ ба ҳайси борбар кор мекардааст. Тибқи парванаи ҷиноӣ Элхон ва Зулфиқор Мамедовҳо, баъд аз анҷоми ин куштор кӯшиши фирор аз макони ҳодиса карда, вале бо кумаки яке аз нигаҳбонони таъссисоти тиҷорӣ пулис онҳоро боздошт кардааст.

 

Бар асосии иттилоъи пулиси Русия Элхон Мамедов, яке дигар аз муттаҳамони ин парванда дар ҷараёни расидагӣ ба он фавтидааст ва баррасии ширкати вай дар ин ҳодиса қатъ карда шуд. Вале Зулфиқор Мамедов бар асоси моддаи 222 Қонуни кайфарии Русия, яъне ҳамли ғайриқонунии аслиҳа ва куштори се нафар, гунаҳкор дониста шуд ва ба 18 сол зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.

 

Дар ҳамин ҳол, дар соли 2010, нозирони ҳуқуқи башар дар Русия аз коҳиши мавориди ҳамлаи ба атбоъи хориҷӣ аз ҷумла ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар қаламрави Русия гузориш медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3854-2010-12-13-17-11-23.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854