БОЗДОШТИ "ТАРАФДОРИ ҶУНБИШИ ИСЛОМӢ" ДАР СУҒД
Бар асоси иттилоъи Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, рўзи 12 декабр як нафар ба занни узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон боздошт шудааст.
Парванда алайҳи Зафар Маҳмудови 32-сола, сокини шаҳри Истаравшани ин вилоят ба дунболи баёноти афроде, ки қаблан ба занни узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар ин вилоят боздошт шуда буданд, боз шуда буд.
Фирӯз Боқӣ, сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт: "Ин сокини шаҳри Истаравшан мулаққаб ба “Аҳмад” ва «Қорӣ Зафар» аз соли 2007 довталабона узви ин ҷунбиш шуда ва бар асоси натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотӣ ӯ ба фаъолияти таблиғотӣ дар Истаравшан дар робита ба таъсиси як давлати исломӣ дар Тоҷикистон машғул будааст."
Кормандони пулис парвандаи ҷиноӣ дар робита ба ин фардро оғоз карда ва ӯро дар иртикоби ҷароими "узвият дар гурӯҳи ҷинояткор ва таъсиси созмони ғайриқонунӣ" муттаҳам мекунанд.