07:22:04 08-уми Июни 2025 сол

РИЧОРД ҲУЛБРУК ДАРГУЗАШТ

Ричорд Ҳулбрук, диплумоти куҳнакори Амрикоӣ, рӯзи душанбе ва ба дунболи дувумин амали ҷарроҳии қалб даргузашт. Ӯ дар рӯзи ҷумъа дар ҷараёни мулоқот бо Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, дучори нороҳатии қалбӣ шуд ва билофосила ба бемористон интиқол ёфт.

 

richard_holbrookeРаги оурти ӯ, ки уксиженро аз қалб ба соири андомҳои бадан мерасонд, пора шуда буд. Аммо пас аз ду амали ҷарроҳӣ ҳоли ӯ ҳамчунон вахим буд. Оқои Ҳулбрук 69-сола, намояндаи вижаи Борок Убомо дар умури Афғонистон ва Покистон буд. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико, дар баёнияе пас аз даргузашти оқои Ҳулбрук ӯро "як ғули воқеъӣ дар сиёсати хориҷӣ, ки Амрикоро қавитар, эминтар ва муҳтарамтар кард", хонд. Оқои Убомо навишт: "Ричорд барои тақрибан 50 сол бо сарбалдандӣ ва ба шакле мутамоиз ба кишваре, ки дӯст медошт, хидмат кард."

 

Ин диплумоти бособиқа, ки ба "булдузер" маъруф буд, гурӯҳҳои мутахосими зиёдеро пойи мизи музокира оварда буд. Гуфта мешавад, ки аъзои хонаводааш рӯзи душанбе дар канори тахти вай дар бемористони донишгоҳи Ҷурҷ Вошингтун ҳузур доштаанд. Мақомҳои Вазорати хориҷаи Амрико гуфтанд, ки пизишкони ин бемористон ҳама имконот ва талоши худро барои наҷоти ӯ ба кор гирифтанд.

 

Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, дар баёнияе дар таҷлили ӯ навишт: "Ричорд Ҳулбрук аз нахустин рӯзҳо дар Ветном то нақши таърихиаш дар овардани сулҳ ба болкон то охирин маъмурияташ дар Афғонистон ва Покистон дар шакл додан ба таърихи мо, мудирияти вазъи хатарноки кунунӣ ва тазмини ояндае амн, нақш офарид."

 

"Ӯ як диплумоти тамом айёр буд, ки метавонист дар чашмони диктотурҳо хира шавад ва барои манофеъ ва арзишҳои Амрико ҳатто дар сахттарин шароит қад алам кунад."

 

Тайи чанд рӯзи гузашта раҳбарон ва мақомҳои бисёре аз кишвар нисбат ба вазъияти ӯ ибрози нигаронӣ карда буданд. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Осифалии Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, рӯзи якшанбе бо ҳамсари оқои Ҳулбрук тамос гирифтанд. Ричорд Ҳулбрук марди музокироти печида ва фарде шинохта мешуд, ки суботро ба Болкан бозгардонд. Умед мерафт, ки ӯ дар моҳҳои оянда дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ҳам нақше ҳаётӣ ифо кунад.

 

Бил Клинтун, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, ки оқои Ҳулбрукро дар даҳаи 1990 ба унвони намояндаи Амрико ба Созмони Милал фиристод, душанбешаб дар баёнияе навишт: "Ӯ дар ду соли гузашта, сахт барои муқобила бо терурисм ва сохтани ояндае амн ва димукротик барои Афғонистон ва Покистон кӯшид. Ба хотири талошҳои ӯ миллати мо амнтар аст ва дар ҷаҳоне беҳтар зиндагӣ мекунем."

 

Марги оқои Ҳулбрук дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки давлати Убомо қарор аст ин ҳафта тозатарин ҷузъиёти сиёсати худ дар қиболи Афғонистон ва Покистонро ошкор кунад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854