07:26:28 08-уми Июни 2025 сол

"АМАЛИЁТ" ДАР АТРОФИ КӮҲИ ХОҶАМӢЪМИН

Аз зуҳри сенздаҳуми декабр ба ин сӯ сокинони ноҳияи Восеъ дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин ҳаракати низомиёни ҳукуматиро мушоҳида намудаанд. Ҳамзамон, дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин сокинон чанд маротиба гардиши чархболе низомиро ҳам мушоҳида кардаанд.

 

kuhМақомоти маҳаллӣ дар ин бора хомӯшанд. Манобеъи пулиси ноҳияи Восеъ ҳузури худро дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин тасдиқ карданд, аммо онҳо аз додани иттилоъи бештар дар ин маврид худдорӣ карданд. Ба гуфтаи бархе аз манобеъи маҳаллӣ, дар ин амалиёт низомиёни ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Шӯрообод ва Восеъ ширкат доранд. Ҳадс зада мешавад ин амалиёт барои боздошти афроди дастдошта дар ҳодисаҳои ахир дар ноҳияи Балҷуон, дар ҷануби Тоҷикистон, анҷом мешавад.

 

Фарзияи дигар ин аст, ки мақомот дар ин ҷо гурӯҳе аз зиндониёни фирориро, ки дар авохири моҳи август аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти милии Тоҷикистон фирор карда буданд, ҷустӯҷӯ мекунанд. Хоҷамӯъмин кӯҳи намаки машҳурест, ки дар миёни ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ ҷойгир буда ва дар атрофу дохили он ғорҳои зиёде мавҷуд аст. Коршиносон баъид намедонанд, ки дар он ҷо гурӯҳҳои ҷиноӣ ё мухолифи давлат паноҳ бурда бошанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854