07:24:25 08-уми Июни 2025 сол

ИНФИҶОРИ ХУНБОР ДАР ЭРОН

Бар асари инфиҷори бомб дар шаҳри Чобаҳор, воқеъ дар устони Сиистон ва Балуҷистони Эрон дастикам 36 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон мегӯянд, ин таркиш ба ҳангоми маросими мазҳабии шииён ба хотири шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн дар миёни тӯдаҳои азодорон рух додааст.

 

таркишХабаргузориҳои эронӣ менависанд, ки инфиҷор зуҳри имрӯз, 15-уми декабр, дар назди масҷиди Имом Ҳусейн - маҳалли баргузории маросими мазҳабии "Тосуъо" ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳаммад Яъқуб Ҷадкол, намояндаи мардуми Чобаҳор дар маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузориҳои расмии Эрон бо ишора ба амалиёти террористии имрӯз гуфтааст, ҳанӯз оморе дар бораи теъдоди қурбониёни таркиш дар даст нест, аммо ҳудуди 50 то 60 нафар ба маркази бемористон интиқол дода шудаанд.

 

Алӣ Ботинӣ, фармондори шаҳри Чобаҳор, дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии ИРНА, таркиши имрӯзаро "амали террористӣ" унвон кардааст ва гуфтааст, ин инфиҷор аз сӯи ду нафар даҳшатафкан анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамлаварон дар пайи таркиш кушта ва нафари дуввум аз сӯи пулис боздошт шудааст. Мақомоти Эрон то ҳол дар бораи тааллуқияти афроди ҳамлавар ба гурӯҳе иттилоъ надодаанд.

 

Вале як шабакаи телевизионии Имороти Муттаҳидаи Араб дар гузорише гуфтааст, ки масъулияти ин амали маргталабонаро гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон ё Ҷундуллоҳ бар уҳда гирифтааст."Ҷундуллоҳ" гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷи суннимазҳаб меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки ин гурӯҳ бо "Ал-Қоида" низ робита дорад.

 

Тайи соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон таркишҳои хунбор рух медиҳад. Тобистони гузашта дар наздикии як масҷид дар шаҳри Зоҳидони ин вилоят ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки 27 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти ин таркишҳоро низ ҳаракати "Ҷундуллоҳ" бар уҳда гирифта буд.

 

Бар асари инфиҷори бомб дар шаҳри Чобаҳор, воқеъ дар устони Сиистон ва Балуҷистони Эрон дастикам 36 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Эрон мегӯянд, ин таркиш ба ҳангоми маросими мазҳабии шииён ба хотири шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусейн дар миёни тӯдаҳои азодорон рух додааст.

 

Хабаргузориҳои эронӣ менависанд, ки инфиҷор зуҳри имрӯз, 15-уми декабр, дар назди масҷиди Имом Ҳусейн - маҳалли баргузории маросими мазҳабии "Тосуъо" ба вуқӯъ пайвастааст. Муҳаммад Яъқуб Ҷадкол, намояндаи мардуми Чобаҳор дар маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузориҳои расмии Эрон бо ишора ба амалиёти террористии имрӯз гуфтааст, ҳанӯз оморе дар бораи теъдоди қурбониёни таркиш дар даст нест, аммо ҳудуди 50 то 60 нафар ба маркази бемористон интиқол дода шудаанд.

 

Алӣ Ботинӣ, фармондори шаҳри Чобаҳор, дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии ИРНА, таркиши имрӯзаро "амали террористӣ" унвон кардааст ва гуфтааст, ин инфиҷор аз сӯи ду нафар даҳшатафкан анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамлаварон дар пайи таркиш кушта ва нафари дуввум аз сӯи пулис боздошт шудааст. Мақомоти Эрон то ҳол дар бораи тааллуқияти афроди ҳамлавар ба гурӯҳе иттилоъ надодаанд.

 

Вале як шабакаи телевизионии Имороти Муттаҳидаи Араб дар гузорише гуфтааст, ки масъулияти ин амали маргталабонаро гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон ё Ҷундуллоҳ бар уҳда гирифтааст."Ҷундуллоҳ" гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷи суннимазҳаб меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки ин гурӯҳ бо "Ал-Қоида" низ робита дорад.

 

Тайи соли ҷорӣ бори дуввум аст, ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон таркишҳои хунбор рух медиҳад. Тобистони гузашта дар наздикии як масҷид дар шаҳри Зоҳидони ин вилоят ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки 27 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Масъулияти ин таркишҳоро низ ҳаракати "Ҷундуллоҳ" бар уҳда гирифта буд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854