"НАТОИҶИ АМАЛИЁТИ ВОСЕЪ ҲАНУЗ МАЪЛУМ НЕСТ"
Аз оғози амалиёти вижа дар ноҳияи Восеъ барои ҷустуҷӯйи афроди силоҳбадасти машкук се рӯз сипарӣ шуда, аммо мақомот аз додани иттилоъ дар бораи натиҷаҳои мусбат ё манфии он худдорӣ мекунанд. Тибқи мушоҳидаҳо ва гуфтаи шоҳидони айнӣ, кӯҳи Хоҷамӯъмин, ки гумон меравад мазнунон ба ғорҳои он паноҳ бурда бошанд, аз ҷониби маъмурони интизомӣ пурра муҳосира гаштааст.
Мардуми маҳаллӣ, ки ҳафт силоҳбадастро бо либосҳои низомию варзишӣ ва комуфляжҳои афсарӣ дида буданд, зуд ба мақомот хабар расондаанд. Ибтидо онҳоро ду кӯдак, ки барои об нӯшидан ба лаби сой рафта буданд, дидаанд. Сипас, кӯдакон дар ин бора ба ҷавонони бузургтар нақл кардаанд. Аз нақли ҷавоне, ки худро Сӯҳроб Бойаҳмадов муъаррифӣ кард ва гӯё бо яке аз силоҳбадастон сӯҳбат доштааст, чунин бармеояд, ки фарде, ки ӯ дида, як чашмаш моил ба пӯшидан буда ва ба Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба Кури Малиш, яке аз фирориёни боздоштгоҳи кумитаи амният, шабеҳ будааст.
Фарди мазнун худро корманди амниятӣ муъаррифӣ карда ва санадеро бо акси худ ба Сӯҳроб нишон додааст. Баъди ин, аз Сӯҳроб нон пурсида ва муддате баъд аз ӯ хостааст, ки аз маҳал дур шавад. Баъдан, ду ҳамроҳашро аз зери пул берун хонда ва дар ҳоле ки чеҳраи онҳо барои Сӯҳроб ноаён буд, ба тарафи кӯҳи Хоҷамӯъмин роҳ пеш гирифтаанд. Пас аз дарёфти ин хабар, маъмурони амниятию интизомӣ амалиётро оғоз кардаанд.
Аввали декабр дар ноҳияи Балҷувон низ сокинон афроди машкукеро дида буданд, ки ҳангоми таҳқиқ миёни силоҳбадастон ва мақомоти интизомӣ даргирӣ ба амал омад. Дар натиҷаи он, се нафар кушта ва ду нафар захмӣ шуда буданд. Силоҳбадастон беталаф фирор карданд.
Би-Би-Си