10:28:59 08-уми Июни 2025 сол

ЧОР ЗАНИ «ТАБЛИҒӢ»-РО ДАСТГИР КАРДАНД

Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон чор занро бо иттиҳоми даст доштан бо ҷамоъати «Даъват ва таблиғ» дар декабри соли равон дастгир кардаанд,-омадааст дар хабари хабаргузории «Regnam».

 

555Занҳои гумонбаршуда ҳамсарони афроде мебошанд, ки дар соли 2009 бо ҷурми «таблиғӣ» будан бо ҳукми суд роҳии зиндон шудаанд. Дар ҷамъи шахсони зиндоние, ки бо ҷурми «таблиғӣ» пушти дарҳои зиндон басар мебаранд, беш аз 45 нафари онҳо аз вилояти Хатлон аст. Китоби «Фазоили аъмол»-дастуруламали ҷамоати «Даъват ва Таблиғ»-ро, ки мавлоно Муҳаммад Илёс Кондеҳлавӣ, барои пайравони худ дар Ҳиндустон таълиф карда буд, то кунун ба бисёр забонҳо тарҷима шуда ва дар тамоми дунё таблиғиҳо аз он истифода мекунанд.

 

Солҳои 2005-2006 ин китоб пурра дар ҳафтаномаи «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯи чоп омад ва чиҳил ҳадиси он ба назм дароварда шуда буд. Дар соли 2009 дар мағозаҳои китобфурӯшии кишвар «Фазоили аъмол» яке аз пурфурӯштарин китоб маҳсуб мешуд. Бо ин вуҷуд собиқ додситони куллиТоҷикистон, Бобоҷон Бобохон, дар нишасти солонаи ахири худ дар посух ба ин, ки оё ҳукми Суди Олии Тоҷикистон дар мавриди «Ҷамоати даъват ва таблиғ» бознигарӣ мешавад, ҷавоби манфӣ дод.

 

Қабл аз он Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар ва собиқ узви ММ МО ҶТ ҳангоми сухнаронии худ дар Анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ дар «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт чунин таъкид карда буд: ҲНИТ бояд бознигарии ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди «Ҷамоати даъват ва таблиғ» яке аз барномаҳои худ қарор бидиҳад. Раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, низ гуфта буд, ки роҷеъ ба ин масъала афкор ва пешниҳодоти худро ба Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон ироа кардааст.

 

Ифрот ё тафрит бо гунаҳои мухаталифашон дар ҳама маврид маҳкум мешаванд. Эътидол ва шинохти дурусти ҳар кор маърифат ва таҷрибаро дар пай дорад. Бо пушти деворҳои зиндон равон кардани чор зани дигар маънои онро дорад, ки ҳадди аққал боз 12 кӯдаки тоҷик натанҳо аз оғӯши гарми модар, балки аз тарбия низ дур мемонанд.

 

Худованди карим дар ин гуна маврид тавсия медиҳад, ки бо эшон бо беҳтарин ваҷҳ баҳсу муҷодила кун ва аз ҳикмат кор бигир. Тавассул ба зӯр кори оҷиз ва нотавонест, ки аз нигоҳи илмӣ ва мантиқи рӯз ҳарифашро ба курсӣ шинонда наметавонад. Дар Тоҷикистон бо шумули кормандони мақомоти қудратии кишвар пайдо шудани шахсе, ки миёни «таблиғиҳо» ва «таҳририҳо» пажӯҳиши амиқ ё рисолаи илмие рӯи чоп оварда бошад, то ҳол вуҷуд надорад. Чунки таблиғиҳои паси девори зиндон буда ва афроди наздик ба онҳо баҳодиҳии ҷомеаро натиҷаи адами дуруст шинохтани ҷамоати «Даъват ва таблиғ» медонанд.

 

Ҳасани Нур (номи мустаъор), ки чанд тан аз дӯстон ва наздиконаш бо ҷурми таблиғӣ будан дар зиндон ба сар мебаранд,  дар сӯҳбате ба мо гуфт: «Таблиғиҳое, ки алҳол дар пушти панҷараи маҳбас ҳастанд, зиндонро барои худ биҳишти дунё медонанд, чунки фурсати худсозӣ ва Худопарастӣ барояшон бештар аз озод будан фароҳам шудааст. Ба гуфтаи ӯ, шукри Худо, ки чанд тани онҳо дар зиндон ҳофизи Қуръон ва масъаладон гардидаанд. Яъне шароити таҳсил ва аз якдигаромӯзӣ дар зиндон барояшон маҳдуд карда нашудааст.

 

Аммо фарзандоне, ки аз таблиғиҳо дар ин муддат аз тарбияи волидон маҳрум шудаанд, фардо кадом роҳро интихоб хоҳанд кард? Баъд аз «тайёриҳо» дар зиндон ва худтакмилдиҳии «таблиғиҳо», «таҳририҳо» ва «салафиҳо», Тоҷикистонро чӣ интизор хоҳад буд: Инқилоби фикрӣ ё ихтилофоти мазҳабӣ! Суолест, ки ҷавобашро вақт муайян мекунад.

 

Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3938---lr---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854