10:30:14 08-уми Июни 2025 сол

ТАФСИЛОТИ ҲОДИСАИ ҲАМЛА БА ТОҶИКОН ДАР ПЕТЕРБУРГ

Фирдавс Юсупов, як шаҳрванди дар задухӯрд бо гурӯҳи сартарошидаҳо захмишудаи Тоҷикистон мегӯяд, ки зидди ӯву бародаронаш ва гурӯҳи ҳамлагарон полиси Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

скинхедОқои Юсупов мегӯяд, ки дар як ҳодисаи рӯзи 11 декабр дар назди боғи Таврическии воқеъ дар истгоҳи метрои Чернишевский ба ӯву ду бародараш гурӯҳи чаҳорнафараи сартарошидаҳо бо корд ҳамла карданд. Вале дар натиҷаи задухӯрд қариб ҳама ҳафт нафари ширкатдори ин ҳодиса захмӣ шуданд. Фирдавс Юсупов бо ҳафт захми корд ба беморхона интиқол ёфт. Вай имрӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ҷараёни тафтишот чунин гуфт:

 

“Ҳоло ҳама санадҳои мо дар дасти муфаттиш аст. Ман, ки ҳанӯз ба худ наомадаам, ҳар рӯз беморхона меравам. Вале кор метавонад чунин ранг гирад, ки онҳо гуноҳро ба гардани мо бор мекунанд. Ҳис мешавад, ки полис мехоҳад аз онҳо тарафдорӣ кунад, ҳарчанд айб аз онҳо аст”.

 

Дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург Назар Мирзода гуфт, ки ин ҳодиса бо ошӯбҳои гурӯҳҳои нажодпараст дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия иртибот мегирад. Ин созмон бародарон Юсуповҳоро бо вакили мудофеъ таъмин кардаанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854