09:23:53 08-уми Июни 2025 сол

АФЗОИШИ ШУМОРИ НАШЪАМАНДОН ДАР ХАТЛОН

Маркази мӯътодон ба маводди мухаддир дар вилояти Хатлон аз афзоиши теъдоди нашъамандон ё афроди мӯътод ба ин мавод дар вилоят изҳори нигаронӣ кардааст.

 

Хуршед Назаров, мутахассиси ин марказ дар шаҳри Қурғонтеппа, ба Би-би-сӣ гуфт афзоиши наъшамандон тайи чанд моҳи ахир ба мушоҳида расида ва шумори онҳо ба 1186 нафар расидааст. Ба гуфтаи вай, бештари нашъамандон аз 18 то 29-сола буда, қисмати зиёди онҳо мӯътодони афюнӣ будаанд. Баъзе аз онҳо боре табобат шуда ва дубора ба маводди мухаддир мӯътод шудаанд.

 

Ба гуфтаи оқои Назаров, дар ҳоле, ки шумори мӯътодон ба маводди мухаддир дар вилояти Хатлон рӯ ба афзоиш аст, нарасидани пизишкони нарколог ё эътиёдшинос дар вилоят эҳсос мешавад. Ҳамакнун, дар ду маркази мӯътодон ба маводди мухаддир дар шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа табибоне фаъолият мекунанд, ки дар заминаи эътиёд ба ин мавод тахассус надоранд. Вале онҳо барои пешгирӣ ва табобати мӯътодон ва майзадаҳо хидмат мекунанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854