ҶАРИМА БАРОИ ҶАШНИ ЗОДРӮЗИ ЯК МАНСАБДОР
Бахши маҳаллии Ожонси мубориза алайҳи фасод дар вилояти Суғд Додоҷон Ғоибов, сардори маркази "Тоҷикстандарт" дар ин вилоятро барои таҷлили бошукӯҳ аз зодрӯзаш ба маблағи 700 сомонӣ ҷарима кардааст.
Тибқи иттилоъи як манбаъи ин ожонс, оқои Ғоибов рӯзи 12 декабр аз соъати 12 то 19 қонун дар бораи танзими маросимро помол намуда ва 61-умин зодрӯзи худро бо ширкати 70 тан аз шахсони мансабдор ва хешу ақрабояш баргузор намудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ин манбаъ, ин мақоми маҳаллии "Тоҷикстандарт" бар асоси моддаи 661 (сӯиистифода аз мансаб)-и Қонуни идории Тоҷикистон ба андозаи 700 сомонӣ ҷарима шудааст.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири ҳайъати давлати ин кишвар ба ин қазия ишора карда ва мақомоти зидахлро фармуд, ки оқои Ғоибовро аз кор барканор кунанд. Вай афзуд: "Дидед, ки зодрӯзашро чи гуна ҷашн гирифт? Бо ин қадар пул як майдон (и варзишӣ) сохтан мумкин буд."
Расонаҳо ҳамвора аз мавориди аз сӯйи мансабдорони тоҷик нақз шудани қонуни танзими маросим гузориш кардаанд. Аммо соҳибназарон дар Суғд мегӯянд, дар ҳоле ки бахши аъзами мардум дар фақру бенавоӣ зиндагӣ доранд, вале мансабдорон ба сохтани коху қасрҳо машғуланд. Коршиносон ин вазъиятро ношӣ аз фасоди густарда дар миёни мансабдорон дар Тоҷикистон медонанд.
Би-Би-Си