10:36:43 08-уми Июни 2025 сол

КОБУЛ БА ИСТИРДОДИ ШАҲРВАНДОНИ АФҒОНИСТОН ИҶОЗА НАДОД

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз чаҳор нафар аз ҳафт фирории маҳбаси Душанбе, ки дар Афғонистон боздошт шудаанд, аз Кобул ба Душанбе интиқол ёфтанд.

 

Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Нозирҷон Бӯриев, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумла Ҳикмат Азизов, муллаққаб ба «Кӯри Малиш», бародари фармонедҳи пешини мухолифон Неъмат Азизов, ки соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд, ба Душанбе истирдод шуд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби созишномаҳои ҳамкории дуҷонибаи амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.

 

Ҳафт фирории маҳбаси Душанбе рӯзи 18-уми декабр дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, дар шимоли Афғонистон боздошт шудаанд. Онҳо аз ҷумлаи 25 нафаре ҳастанд, ки 23-юми август аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз қатли 6 нигаҳбон фирор карданд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854