11:26:45 08-уми Июни 2025 сол

"ҶОСУСИ ИСРОИЛ" ДАР ЭРОН БА ДОР ОВЕХТА ШУД

Додситонии умумӣ ва инқилоби Теҳрон бо судури иттилоъияе эълом кард, ки Алии Сорамӣ ва Алиакбари Саёдат, ки ба иттиҳоми муҳориба ба эъдом маҳкум шуда буданд, рӯзи сешанбеи 28 декабр дар зиндони Эвин ба дор овехта шуданд. Ин иттилоъия иттиҳоми Алии Сорамиро узвият дар созмони муҷоҳидини халқи Эрон ва иттиҳоми Алиакбари Саёдатро иртибот ва фаъолият ба нафъи сарвиси ҷосусии Исроил унвон кардааст.

 

ali_saremiАҳкоми эъдоми Алиакбари Саёдат ва Алии Сорамӣ дар зиндони Эвин ба иҷро гузошта шуд. Дар гузориши марбут ба иттиҳҳомоти Алиакбари Саёдат омадааст, ки вай дар соли 2004 бо сервиси иттилоъотии Исроил иртибот барқарор карда ва ҳозир шуда буд дар баробари дарёфти 60 ҳазор дулор иттилоъоти табақабандишударо дар ихтиёри он созмон қарор диҳад. Бар асоси ин гузориш Алиакбари Саёдат дар меҳрмоҳи соли 1387 (сентябр ва октябри соли 2008) ҳангоме, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар назар дошт аз кишвар "фарор кунад" дастгир ва иртиботи вай аз тариқи телефуни эътиборӣ бо сарвиси иттилоъотии Исроил маълум шуд.

 

Ҳангоми боздошт оқои Саёдат "иқрор мекунад", ки дар ҷараёни сафарҳои тиҷорӣ ба хориҷ бо сафорати Исроил иртибот ёфта ва иттилоъотеро дар мавриди яке аз воҳидҳои низомӣ дар ихтиёри "душманон" қарор дода буд, ҳарчанд моҳияти ин иттилоъот ва наҳваи дастрасии фарди муттаҳам ба онҳо мушаххас нашудааст.

 

Иттилоъоти дигаре ҳам, ки ба гуфтаи манобеъи Ҷумҳурии Исломӣ аз тариқи Алиакбари Саёдат дар ихтиёри сарвиси иттилоъотии Исроил қарор гирифт ба маросими ражаи низомии рӯзи артиш, анҷоми монуврҳо, теъдоди ҳавопаймоҳои амалиётии Эрон, парвозҳои амалиётӣ ва омӯзишӣ дар пойгоҳҳои низомӣ, савонеҳи ҳавоӣ ва иллати бурузи онҳо, системи ҳавопаймоҳои мухталиф ва мушакҳои Сипоҳи Посдорон иртибот доштааст.

 

Дар ин маворид низ манобеъи қазоӣ мушаххас накардаанд, ки оё ин иттилоъот аз манобеъи иттилоъотрасонии ҳамагонӣ барои умум қобили дастрас буда ва ё ин ки ҷанбаи маҳрамона дошта ва дар чунин сурате ба чӣ тартиб дар ихтиёри Алиакбари Саёдат қарор мегирифтааст. Ба гуфтаи манобеъи қазоӣ оқои Саёдат иқрор карда буд, ки барои ҳамин қабил иттилоъот дар ҳар мулоқот байни се то ҳафт ҳазор дулор ҳаққуззаҳма дарёфт мекарда ва ҳангоми боздошт ҳам бисту нуҳ сафҳа иттилоъоти ҷосозишудаи ӯ ба даст омад.

 

Дар мавриди торих ва наҳваи баргузории муҳокимаи Алиакбари Саёдат ҷузъиёте интишор наёта, аммо ба гуфтаи манобеъи қазоии Ҷумҳурии Исломӣ вай дар шуъбаи даҳуми додгоҳи инқилоб муҳокима ва ба иттиҳоми иқдом дар тақвияти режими Исроил, муқобала бо Ҷумҳурии Исломӣ ва фасод дар арз ба эъдом маҳкум шуд ва ин ҳукм ба таъйиди додгоҳи истиноф расид.

 

Рӯзи якшанбеи ин ҳафта Аббоси Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳрон гуфт, ки як нафар ба ҷурми ҷосусӣ барои Исроил ба эъдом маҳкум шуда, аммо ҳуввияти ӯро фош накард ва маълум нест, ки оё манзури вай аз ин маҳкум ба эъдом Алиакбари Саёдат буда ё шахси дигареро дар назар доштааст. Қавонини Эрон барои фаъолиятҳои ҷосусӣ муҷозоти эъдомро таъин кардаанд.

 

Дар соли 2008 Алии Аштарӣ, муҳандиси васоили мухобирот баъд аз муҷрим шинохта шудан дар фаъолияти ҷосусӣ барои Моссад, сарвиси ииттилоъотии Исроил ба дор овехта шуд. Хабарнигорон мегӯянд Эрон маъмулан Исроилро ба фаъолиятҳои хасмона алайҳи худ муттаҳам мекунад, ба шумули ҷосусӣ алайҳи нерӯҳои низомӣ ва барномаҳои ҳастаии ин кишвар.

 

Фаъоли мухолифини давлат

Алии Сорамии 62 сола ҳамчунин ба фаъолияти таблиғӣ алайҳи низоми Ҷумҳурии Исломӣ муттаҳам будааст. Ба гузориши манобеъи хабарии Ҷумҳурии Исломӣ вай барои нахустин бор дар соли 1361 (1983) ба иттиҳоми ҳаводорӣ аз Созмони Муҷоҳидини Халқ ва иртибот бо ин гурӯҳ боздошт ва ба се сол ҳабси таълиқӣ маҳкум шуда буд ва бори дигар дар соли 1368 ба ҳамин иттиҳом боздошт шуд.

 

Созмони Муҷоҳидини Халқ аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Эрон аст ва давлати Эрон ин созмонро созмони терруристӣ медонад. Оқои Сорамӣ баъд аз соли 1983 чандин бор боздошт ва муҳокима шудааст. Барои охирин бор ӯ дар соли 2007 бо кашфи лавҳҳои фушурда (СиДи), тасовир ва дастнависҳои марбут ба Созмони Муҷоҳидини Халқ боздошт шуд. Соли гузашта дар ҳоле ки баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ алайҳи натиҷаи интихоботи баҳбарангези даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ идома дошт, хабарҳое аз муҳокима ва маҳкумияти Алии Сорамӣ интишор ёфт.

 

Ин ҳукм дар соли гузашта ба Алии Сорамӣ иблоғ шуд ва чанд рӯз пеш як сойти хабарии мулофеъи ҳуқуқи башар дар Эрон бидуни зикри манбаъи хабарии худ, навишт ки ин маҳкум ба эъдом аз селули худ дар зиндоне дар Караҷ ба нуқтаи номаълуме интиқол ёфта, ки далели он метавонад омода шудани мақомоти қазоӣ барои иҷрои ҳукми эъдом бошад.

 

Мақомоти қазоии Эрон гуфтаанд, ки ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳомоти Алии Сорамӣ бо ҳузури намояндаи додситон ва вакили мудофеъи вай баргузор шуд ва шуъбаи 15 додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон номбурдаро ба эъдом маҳкум кард, ки ин ҳукм пас аз таъйид дар мароҷеъи истиноф қатъият ёфт.

 

Раёсати шуъбаи 15 додгоҳи инқилоби Теҳрон бар уҳдаи қозӣ Абулқосими Салавотӣ аст, ки расидагӣ ба парвандаҳои шуморе аз муътаризон ба натиҷаи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қазоват дар муҳокимоти телевизюнии теъдоде аз шахсиятҳои ислоҳталабро дар соли гузашта бар уҳда доштааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4004-q-q------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854