17:56:30 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ СЕ НАФАР БА ЗАННИ КӮДАКФУРӮШӢ

Маъмурони пулиси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чанд нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар муъомилае барои кӯдакфурӯшӣ боздошт кардаанд. Хабаргузории маҳаллии "ASIA-Plus" аз қавли манобеъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон овардааст, ки ахиран маъмурони пулис як зани сокини рустои Чортути ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд.

 

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин зан ба унвони миёнҷӣ бо як сокини Исфара муъомила карда ва мехост кӯдаки чаҳорсолаи ӯро бо маблағи 25 ҳазор дулор ба як тоҷири 32-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ бифурӯшад. Номи ин афрод ифшо нашуда, вале мақомот мегӯянд, ки модари кӯдак аз ноҳияи Исфара, ки 27 сол дошта, зане бекор ва фақир будааст. Аммо зани сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки 47 сол дошта ва ба унвони миёнҷӣ амал мекард, қаблан як бор зиндонӣ шудааст.

 

Маъмурони интизомӣ ҳамаи ин афродро боздошт кардаанд ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Ба гуфтаи манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли 2010 кормандони пулис беш аз 530 ҷинояти марбут ба қочоқи инсон ё одамфурӯширо кашф ва омилони онҳоро боздошт кардаанд, ки аз ин миён 16 маврид ба хариду фурӯши кӯдакони ноболиғ марбут аст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854