ИНТИҚОДИ ТАҲРИР АЗ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН
Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, аз иқдомоти ахири давлати ин кишвар дар умури мазҳабӣ башиддат интиқод кардааст. Дар баёнияе, ки ахиран мунташир шуда ва ба ҳизби Таҳрир нисбат дода мешавад, аз лоиҳаи қонун дар бораи масъулияти падару модарон, ки аз сӯйи давлати Тоҷикистон таҳия шуда ва акнун мавриди баррасии умум қарор дорад, интиқод шудааст.
Муаллифони ин баёния навиштаанд, ки ин лоиҳаи қонун "бар зидди ислом равона шудааст" ва ҳадафи давлат ба ин васила дур нигоҳ доштани фарзандони мусулмонон аз ислом ва ҳама гуна зуҳуроти он аст. Ин гурӯҳ ҳамчунин аз лағви фанни "Маърифати ислом" аз барномаи дарсии мактабҳои ҳамагонӣ ибрози норизоятӣ карда ва онро аз ҷумлаи иқдомоти давлат барои эъмоли "зулм бар мусалмонон" хондааст. Боздошти "садҳо тан мусулмон ба хотири доштани риш", боло бурдани синни издивоҷ то 18-солагӣ, сонсури мавъизаҳои рӯҳониён ва баста шудани даҳҳо масҷид аз масоили дигари мавриди нигаронии ин гурӯҳи мамнӯъа будааст.
Ахиран расонаҳо аз боздошти ду зани ҳиҷобдор дар шаби 14 феврал дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе хабар доданд, ки ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, "машғули паҳн кардани шабномаҳои дорои мӯҳтавои ифротгароёна" будаанд. Манобеъи интизомӣ ба расонаҳо нагуфтанд, ки занони боздоштшуда ба кадоме аз "гурӯҳҳои ифротгаро" таъаллуқ доранд, вале соҳибназарон баъид намедонанд, ки онҳо аз пайравони ҳизби Таҳрир буда бошанд. Соли 2001 Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизби Таҳрирро як гурӯҳи тундрав хонда ва фаъолияти онро дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом кард. Садҳо нафар аз ҷонибдорони ин гурӯҳ то кунун боздошт ва барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
Би-Би-Си