21:25:17 02-уми Июни 2025 сол

ГУРӮҲИ МИРЗОҲӮҶА АҲМАДОВ ХАЛЪИ СИЛОҲ ШУД

Аъзои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони мухолифони пешини давлати Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомии ноҳияи Рашт ҳашт мусалсали Калашников, як адад пулемёт, ду туфанги мерганӣ ё снайпер ва як норинҷакандоз таҳвил додаанд. Манобеъи вазорати кишвари Тоҷикистон ин хабарро таъйид карданд.

 

AhmadovЯке аз тарафдорони гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки кормандони додситони низомии ин ноҳия аслиҳаи таҳвилшударо бояд ташхис кунанд. Ин манбаъ аз қавли кормандони додситонӣ гуфт, агар мушаххас шавад, ки ин силоҳҳо дар ҳамла ба корвони сарбозони атриши Тоҷикистон дар водии Рашт истифода нашудааст, аслиҳа ба соҳибонашон баргардонида хоҳад шуд. Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта афроди мусаллаҳ дар водии Рашт ба корвони артиши Тоҷикистон ҳамла карданд, ки бар асари он 28 сарбоз кушта шуда буданд.

 

Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба “Алии Бедакӣ” ва Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”-ро дар анҷоми ин ҳамла муқассир хонда буданд. Дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлати Тоҷикистон дар водии Рашт Аловиддин Давлатов ва чанд тан аз тарафдорони ӯ кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имкони бозгардондани аслиҳа ба гурӯҳи Мирзоҳӯҷа Аҳмадовро рад карда ва гуфт, ки 11 узви ин гурӯҳ довталабона халъи силоҳ шудаанд ва тибқи қавонони Тоҷикистон ин афрод муъоф хоҳанд шуд.

 

Ҳамзамон, оқои Асадуллоев таъкид кард, ки дар сурати ошкор шудани мавориди истифодаи аслиҳаи аъзои ин гурӯҳ дар ҳамалоти терруристӣ ва ҷароими сангин, ин ашхос дар чаҳорчӯби қавонони ин кишвар муҷозот хоҳанд шуд. Сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, куллияи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки ба воҳидҳои ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ё низомии Тоҷикистон шомил нестанд, бояд халъи силоҳ шаванд. Гуфта мешавад, ҳоло Мирзохӯҷа Аҳмадов ва аъзои гурӯҳи ӯ ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон марбут нестанд ва аз ин лиҳоз, халъи силоҳи ин гурӯҳ як амри табиъӣ маҳсуб мешавад.

 

Зимнан, оқои Аҳмадов ва бархе аз аъзои гурӯҳи ӯ қаблан дар Раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохила дар ноҳияи Рашт ифоъи вазифа карда ва баъдан аз ниҳодҳои интизомӣ ихроҷ шуданд. Соли гузашта гузориш шуда буд, ки дар пайи музокироте бо мақомоти давлати Тоҷикистон оқои Аҳмадов ва тарафдоронаш бо нерӯҳои давлатӣ барои ҷустуҷӯ ва боздошти гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар водии Рашти ин кишвар ҳамкорӣ карданд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4554-guruhi-mirzokhuja-ahmadov-khali-siloh-shud.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854