АФЗОИШИ ТАВЛИДИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР “САНГТӮДА-1”
Мизони тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар моҳи гузашта дар муқоиса ба моҳи январи соли ҷорӣ ҳудуди як милюн килувотт-соъат афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин нерӯгоҳ, аз замони фаъол шудани огреготи якуми “Сангтӯда-1” дар 20 январи соли 2008 то ба ҳол дар ин нерӯгоҳ беш аз панҷ милёрд килувот-соъат тавлид шудааст.
Бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар соли 1986 шурӯъ шуда, вале дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ мутаваққиф шуд. Дар моҳи феврали соли 2005 муассисаи муштараки Тоҷикистону Русия мавсум ба “Сангтӯда-1” таъсис шуда ва нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро бо тавоноии 670 меговот ё ду милиёрду 700 милюн килувот-соъат нерӯи барқ эҳдос кард. Тибқи тавофуқот, 75 дар сади саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба Русия ва 25 дар сади он ба Тоҷикистон таъаллуқ дорад.
Нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дорои чаҳор огрегот ё турбин буда ва дар 31 июли соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамакнун ин нерӯгоҳ 15 дар сади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Мизони бидеҳиҳо барои истифода аз нерӯи барқ дар соли 2009 болиғ ба 30 милюн дулори омрикоӣ унвон шуда буд. Аммо Виктория Наумова, сухангӯйи нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” таъкид кард, ки ҳоло мавзӯъи пардохти бидеҳиҳои ширкати “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳ матраҳ нест ва ҷонибҳо дар мавриди роҳҳои ҳалли ин мушкил тавофуқ кардаанд.
Би-Би-Си