21:38:58 02-уми Июни 2025 сол

БАРКАНОРИИ 25 ИМОМ-ХАТИБИ МАСОҶИДИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Натоиҷи аввалияи таъйиди салоҳияти имом-хатибони масоҷиди вилояти Суғд ҳокӣ аз он аст, ки дастикам 25 имом-хатиб дар ин вилоят аз симматҳои худ барканор шудаанд.

 

khujandБа гуфтаи Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи адёни Тоҷикистон, то ҳоло фақат баррасӣ ва таъйиди салоҳияти имом-хатибони навоҳии Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд анҷом шудааст ва раванди баррасӣ дар навоҳии дигари вилоят ҳамчунон идома дорад. Оқои Мухторов ба унвони мисол гуфт, ки аз миёни 23 нафар имом-хатибони масоҷиди шаҳри Хуҷанд салоҳияти 5 нафар аз онҳо барои идомаи фаъолияти имом-хатибӣ таъйид нашуд. Аз миёни раҳбарони 157 масҷиди панҷвақтаи Исфара 13 нафар натавонистаанд аз имтиҳони салоҳият рад шаванд.

 

Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳафт имом-хатибон ба далели мушобеҳ аз симматҳои худ барканор шуданд. Мавлон Мухторов гуфт, ки коршиносони Кумитаи адён ва Маркази исломии Тоҷикистон, ки шомили кумиссиюни таъйиди салоҳияти имом-хатибон ҳастанд ва дар канори донишҳои мазҳабии раҳбарони масоҷид, донишҳои дунявии онҳо низ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Вай афзуд, ки “таъйиди салоҳияти имом-хатибон дар чаҳорчӯби муқаррароти қавонини Тоҷикистон сурат мегирад ва ин амр мухолифи муқаррароти Қонуни асосии кишвар дар бораи ҷудо будани умури мазҳабӣ аз давлат нест”.

 

Вай афзуд, ки дар зудтарин фурсат раванди таъйиди салоҳияти имом-хатибони масоҷиди вилояти Суғд анҷом ёфта ва баргузории санҷишҳои мушобеҳ миёни имом-хатибони масоҷиди манотиқи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Душанбе низ оғоз хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки моҳе қабл беш аз даҳ имом-хатибони масоҷиди шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ба сурати ногаҳонӣ аз симматҳои худ истеъфо дода ва нафарони ҷадид ба раҳбарии ин масоҷид интихоб шуданд.

 

Ҳарчанд, мақомоти маҳаллӣ изҳор доштанд, ки дар истеъфо ва интихоби имом-хатибони ҷадид нақше надоштаанд, вале коршиносон бовар надоранд, ки сиёсате пуштипардаӣ дар истеъфои дастиҷамъии беш аз даҳ имом-хатиб вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки мунтақидони давлат ҳадафи аслии тасмими мақомоти давлатӣ дар бораи баррасии салоҳияти имом-хатибонро барканории бархе аз имом-хатибони масоҷиди кишвар ба далоили мухталиф медонанд.

 

Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи аслии фаъолияти Кумиссюнҳои таъйиди салоҳияти имом-хатибон “ҳифзи нафароне аст, ки ба давлат содиқ ҳастанд ва барканор кардани он идда аз имом-хатибоне мебошад, ки озодандеш ҳастанд”. Вай афзуд, ки дар ниҳоят Кумитаи давлатии дини Тоҷикистон бо баргузории ин амал қасд дорад куллияи масоҷиди кишварро “зери итоати худ дароварад”.

 

Вале Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили адён дар Тоҷикистон мегӯяд, ки таъйиди салоҳият дар ҳар ниҳоде боиси нигаронии кормандони он мегардад ва ин як амри маъмулӣ аст. Оқои Ҳодизода мегӯяд, ки то ҳоло рӯшан нест, ки Кумиссюни таъйиди салоҳияти имом-хатибон бо ибтикори чӣ ниҳоде таъсис шудааст. Вай афзуд: “Агар, ин кор аз сӯйи масъулони Маркази исломии Тоҷикистон баргузро мешавад ва кормандони Кумитаи дин ба он даъват шуда бошанд, ин амр хилофи қонун нест”.

 

Аз сӯйи дигар, Фаридун Ҳодизода гуфт, ки бо чанд тан аз имом-хатибон ошноӣ дорад, ки дар пайи оғози фаъолияти Кумиссюни таъйиди салоҳият онҳо ба такмили донишҳои худ машғул шудаанд ва ҳоло аз санҷиши ҷадид тарсе надоранд. Ба гуфтаи вай, “дар ниҳоят баргузории ин таъйиди салоҳият ба боло рафтани донишҳои ҳам дунявӣ ва ҳам мазҳабии раҳбарони мазҳабии кишвар мунҷар мешавад”.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4596-barkanorii-25-imom-khatibi-masjidi-viloyati-sughd.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854