22:32:34 02-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТИ 11 НАФАР БА ИТТИҲОМИ ТАЛОШИ САРНАГУНИИ ДАВЛАТ

Додгоҳи вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, 11 нафарро ба ҷурми узвият дар Ҳизбуттаҳрир, як созмони мамнуъи мазҳабӣ ба мӯҳлатҳои аз панҷ то бист сол равонаи зиндон кардааст.

 

cjortlogoДар ин бора, як манбаъи огоҳ дар додгоҳ ба Би-би-сӣ иттилоъ дод. Ба иттилоъи вай, додгоҳ ин афродро барои "шомил будан ба гурӯҳи ҷиноӣ, талош барои сарнагун сохтани низом, барангехтани хусумати мазҳабӣ ва миллию нажодӣ ва шомил будан дар гурӯҳҳои ифротӣ" муҷрим шинохтааст. Гуфта мешавад, маҳкумшудагон аз маҳаллоту деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд буда, вале дар миёни онҳо афроде аз навоҳии Истаравшан, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов низ будаанд.

 

Аз ҷумла, додгоҳи устони Суғд, Абдухолиқ Муллоевро, аз фаъолони Ҳизбуттаҳрир дониста ӯро барои 20 сол равонаи зиндон кардааст. Гуфта мешавад, ки дар гузашта вай барои узвият дар Ҳизбуттаҳрир ба 9 соли зиндон маҳкум шуда будааст. Вале пас аз раҳоӣ аз зиндон вай ба таблиғоти Ҳизбуттаҳрир машғул будааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл маъмурони пулиси вилояти Суғд, аз боздошти як сокини маҳаллӣ ба занни узвият ба Ҳизбуттаҳрир хабар дода буданд.

 

Ба иттилоъи Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, «ин нафар аз соли 2000 ин ҷониб ба таблиғи Ҳизбуттаҳрир ва паҳн кардани шабномаҳои он дар ҳудуди вилояти Суғд машғул будааст». Мақомот мегӯянд дар соли гузаштаи мелодии 2010, аз сӯйи додгоҳҳои вилояти Суғд 20 узви фаъоли Ҳизбуттаҳрир ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд, ки аз ин теъдод 10 нафари онҳо занон ва атбоъи хориҷӣ будаанд.

 

Зимнан, Ҳизбуттаҳрир як созмони мазҳабист, ки эҷоди хилофати исломӣ дар чаҳонро аз тариқи таблиғот дар миёни мусалмонон ҳадаф қарор додааст. Тибқи мусаввабаи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2008, ташаккули Ҳизбуттаҳрир, ки аз соли 2001 бад-ин сӯ дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ аст, созмони ифротӣ хонда мешавад. Бар асоси ин тасмим, воридот, таҳия ва тавзеъи адабиёти ин ҳизб дар қаламрави Тоҷикистон ҷурм маҳсуб мешавад. Ҳамчунин пойгоҳи интернетии Ҳизбуттаҳрир дар Тоҷикистон масдуд ва тавзеъи наворҳои савтию видиюии ин созмон мамнӯъ шудааст.

 

Тоҷикистон як кишвари дорои давлати секулор ё дунявӣ аст ва масъулин мегӯянд созмонҳои ифротгарои мазҳабӣ таҳдид ба низоми секулор дар ин кишвар ҳастанд. Соҳибназарон, мегӯянд, ки фаъолияти Ҳизбуттаҳрир дар қаламрави Тоҷикистон дар авохири даҳаи 1990 ва оғози 2000 густарда ба назар мерасид, аммо дар чанд соли ахир коҳиш ёфтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4618-mahkumiyati-11-nafar-dar-sughd.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854