ШИКОЯТИ ИСТИНОФИИ РУСИЯ ДАР ҚИБОЛИ ҲУКМИ ДОДГОҲИ УРУПО
Русия дар қиболи ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо дар робита ба истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба Тоҷикистон шикояти истинофӣ кардааст. Давлати Русия иддаъо дорад, ки ҳукми додгоҳ дар ин замина бояд таҷдиди назар шавад, зеро мақомоти ин кишвар худро дар истирдоди оқои Искандаров ба Тоҷикистон муқассир намедонанд.
Дар тирамоҳи соли гузашта Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо давлати Русияро дар истирдоди раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон ба давлати ин кишвар муҷрим донист ва ба пардохти сӣ ҳазор юру ҷубронпулӣ муваззаф кард. Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Искандаров рӯзи чаҳоршанбеи 9 март дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран давлати Русия дар ин замина ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо шикояти истинофӣ кардааст. Вай афзуд: “Ҳоло мо интизори муҳокимаи ин мавзӯъ дар Маҷлиси бузурги Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо ҳастем. Шикоёти истинофиро маъмулан ин ниҳод баррасӣ мекунад.”
Фирӯз Искандаров, писари Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки мутмаъин аст, ки давлати Русия дар ин муҳокима комёб нахоҳад шуд. Зеро, ба гуфтаи вай, “иттилоъе, ки мо дар даст дорем, гувоҳи он аст, ки давлати Русия барои таҷдиди ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо далоили кофӣ дар ихтиёр надорад.”
Аммо ба гуфтаи Анна Ставитская, дар ин замина наметавон комилан мутмаъин буд. Вай афзуд: “Дуруст аст, ки дар ҷараёни муҳокимаи аввал, давлати Русия натавонист собит созад, ки дар истирдоди оқои Искандаров даст надорад. Вале ҳоло мо намедонем, ки барои шикояти истинофӣ давлати Русия чӣ далоиле пеш овардааст. Бо ин вуҷуд, фикр мекунам, ки агар далоили ҷиддие мебуд, онҳо дар муҳокимаи тирамоҳи соли гузашта ироа мешуданд.”
Маҳмадрӯзӣ Искандаров соли 2005 ба сурати машкук дар шаҳри Королевои вилояти Маскави Русия нопадид шуд ва сипас мақомоти Тоҷикистон аз боздошти вай дар фурӯдгоҳи Душанбе хабар доданд. Оқои Искандаров гуфта буд, ки вай аз сӯйи афроди номаълум дар Маскав рабуда шуда ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Вале мақомоти интизомии Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва гуфта буданд, ки оқои Искандаров зимни вуруд ба Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд.
Ин дар ҳолест, ки ҷонибдорони оқои Искандаров бо такя ба як санади расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки “ниҳодҳои интизомии Русия оқои Искандаровро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 оқои Искандаровро барои иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла сирқати маболиғи давлатӣ, фаъолиятҳои теруристӣ ва таъсиси гурӯҳи ғайримуҷози мусаллаҳ барои 23 сол равонаи зиндон кард. Дар тирамоҳи соли гузашта Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо давлати Русияро дар истирдоди ғайриқонунии оқои Искандаров ба Тоҷикистон муҷрим донист ва Русияро ба пардохти сӣ ҳазор юру ҷубронпулӣ муваззаф сохт.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд судури ин ҳукми додгоҳи урупоӣ гуфта буд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва ҳукми додгоҳҳои кишварҳои дигар дар қаламрави ин кишвар қобили иҷро нест. Аз ин лиҳоз, ин тасмими додгоҳи урупоӣ дар сарнавишти оқои Искандаров таъсире намегузорад."
Вале, ба гуфтаи соҳибназарон, ин ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо метавонад ба эътибори давлати Русия латмаи ҷиддие ворид созад. Зеро, як додгоҳи байналмиллалӣ давлати ин кишварро дар нақзи тааҳҳудоти байналмиллалӣ муқассир донистааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия ин кишварро демукротӣ дониста иддаъо доранд, ки ҳуқуқи башар дар қаламрави ин кишвар риъоя мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4624-shikoyati-russia-dar-kiboli-hukmi-dodgohi-urupo.html