22:45:25 02-уми Июни 2025 сол

КДАМ: "ТАРКИШИ ДУШАНБЕ АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ АСТ"

tarkishКумитаи амнияти миллӣ аз рӯи таркиши рӯзи 8-уми март дар Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амали террористӣ буда, парванда аз рӯи моддаи 179 қисми 1- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз шудааст. "Ин модда роҳандозии амали террористӣ ва дигар омоли барои амнияти мардум вазнин, аз ҷумла сӯхтору тахрибкориҳои барқасдона ва дар ин маврид ба вуҷуд овардани таркишро дар назар дорад",-афзуд ӯ

 

Субҳи 8-уми март, дар назди тарабхонаи "Лесная сказка", воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, таркише рух дод, ки дар натиҷа як наврас ҷароҳати вазнин бардошта, ба қавли шоҳидон, шишаҳои манзилҳои ҳамшафат низ фурӯ пошидаанд. Сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар назди тарабхона як маводи дастсохт таркидааст, ки нерӯяш тақрибан 50 грам тротилро ташкил медиҳад.

 

Нозирҷон Бӯриев афзуд, мақомоти амниятӣ чандин фарзияро дар ихтиёр доранд ва ба хотири тафтишот аз эълон кардани онҳо дар ҳоли ҳозир худдорӣ меварзанд.

 

Фарҳоди Милод, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854