ТАШВИШИ САФОРАТИ АМРИКО ДАР ТОҶИКИСТОН
Ба шӯъбаи консулгарии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон маълум гардид, ки шаҳравандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки муқими Тоҷикистон мебошанд, огоҳномаи бардурӯғро оиди соҳиб гаштани раводиди муҳоҷиратӣ ва ё ба таври маъмул DV «Грин Корт» лотереяи раводиди муҳоҷиратӣ тавассути почтаи электронӣ гирифтанд. Ин намуди тақаллуб барои Тоҷикистон ғайриоддӣ нест.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шаҳрвандон ва бошандагони Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифода бурдан аз хидмати ташкилоту ширкатҳои шахсӣ барои гирифтани раводид худдорӣ кунанд, зеро шумораи мактубҳо, сомонаҳо ва эълонҳои бардурӯғ, ки хизмати хешро барои гирифтани раводид пешкаш менамоянд, зиёд шуда истодаанд. Як қатор сомонаҳои бардурӯғе мавҷуданд, ки худро ҳамчун сомонаи расмии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муаррифӣ менамоянд.
Баъзе ширкатҳо бо истифода аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пур кардани варақаҳои лотерея маблағи муайянро талаб мекунанд. Ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонем, ки барои аз сомона пайдо намудан ва пур кардани варақаи электронии лотерея пардохти маблағ ҳеҷ гоҳ лозим нест. Дар доираи барномаи Грин Корт ҳамасола то 55 000 ариза барои муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул карда мешавад. Аризаҳо ба таври электронӣ, яъне тасодуфӣ интихоб гардида, аризадиҳандагон аз ҷониби Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути мактуб огоҳ карда мешаванд ва қоидаи таҳияи минбаъдаи ҳуҷҷатҳо дар он мактуб фаҳмонида мешаванд.
Ягон ташкилоти дигар ва ё ширкати хусусӣ ҳуқуқи аз номи Департаменти Давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико худро муаррифӣ намудан ва огоҳ кардани аризадиҳандагонро аз вазъи баррасии аризаашон ё қадами минбаъда барои гирифтани раводиди муҳоҷиратиро надоранд. Аризадиҳандагоне, ки соҳиби Грин Корт дар соли 2011 гардиданд аллакай аз ҷониби Маркази Консулгарии Департаменти Давлатии Кентукки тавассути мактуб, на ин ки почтаи электронӣ огоҳ карда шуданд. Аризадиҳандагон барои соли 2011 аз натиҷаи баррасии аризаашон метавонанд ҳамчунон тавассути сомонаи расмии DV-2011 http://www.dvlottery.state.gov то рӯзи 30-ми июни соли 2011 маълумот пайдо намоянд.
Ягон Сафорати ИМА ва ё Консулгарӣ аз аризадиҳандагон гузаронидани маблағро ба Маркази Консулгарии Кентуккӣ талаб намекунад. Аризадиҳандагоне, ки барои раводиди муҳоҷирати барои соли 2012 муроҷиат намуданд аз Маркази Консулгарии Кентукки огоҳнома нахоҳанд гирифт. Онҳо бояд натиҷаи аризашонро худашон тавассути сомонаи http://www.dvlottery.state.gov аз 1 майи соли 2011 то 30 июни 2012 пайдо намоянд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ягон мушовири беруна ва ё хидмати шахсиро барои идора ва иҷрои барномаи Грин Корт кироя наменамояд. Ҳамаи миёнаравон ва ё шахсони дигар,ки дар омода намудани ариза барои Грин Корт хизмати хешро пешкаш менамоянд, бидуни иҷозат ва ризоияти Ҳукумати Амрико амал менамоянд. Аз ин хотир, истифодаи миёнаравони беруна ва ё кӯмак дар омода намудани ариза барои Грин Корт комилан дар ихтиёри ҳар як аризадиҳанда мебошад.
Ҳамаи раводидҳои муҳоҷиратӣ, аз он ҷумла Грин Корт барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сафорати Амрико воқеъ дар Қазоқистон баррасӣ мегарданд. Барои гирифтани маълумоти расмӣ оиди барномаи Грин Корт, хоҳишмандем ба сомонаи Сафорати Амрико дар Қазоқистон http://kazakhstan.usembassy.gov/diversity.html ва ё Департаменти Давлатӣ http://travel.state.gov/visa/immigrants/types/types_1322.html. ташриф оваред.
Барои маълумоти махсус оиди тақаллубкорӣ ва барномаи Грин Корт хоҳишмандем ба эълони Департаменти Давлатӣ таваҷҷӯҳ намоед: http://travel.state.gov/visa/immigrants/types/types_1322.html.
Арзу шикоятҳоро дар бораи мактубҳои электронии нохонда, ки метавонанд бардурӯғ бошанд, метавонед ба Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ирсол намоед. www.usdoj.gov/spam.htm.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4632-tashvishi-saforati-amriko-dar-tojikiston.html