ХУДКУШИИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ
Дар боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Красноярский Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон талош ба худкушӣ кардаанд.
Бар асоси иттилоъи ИНТЕРФАКС танҳо яке аз ин боздоштшудагон дар натиҷаи буридани раги маки худ ҷонашро аз даст додааст. Як масъули дафтари матбуъотии идораи хадамоти федероли шаҳри Красноярски Русия, рӯзи ҷумаъи 11 март ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, пизишкон нафари дуввумро, ки низ талоши худкушӣ кард, ҷарроҳӣ кардаанд ва акнун вай таҳти муроқибати духтурон қарор доштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ ин ду шаҳрванди Тоҷикистон барои қочоқи маводди мухаддир боздошт ва равонаи боздошгоҳи мувақатӣ шуда будаанд. Вай афзудааст, ки фарди фавтида Баҳромқул Исломов ном дошта ва тибқи моддаи 200 қонуни кайфарии Русия ба ҳамли маводди мухаддир муттаҳам шуда будааст. Оқои Исломов, ки рагҳои аслии хунгардашро бурид, дар натиҷаи хунрезӣ ҷони худро додааст.
Би-Би-Си