НАШРИ КИТОБИ “НАСИМИ БУХОРО” БО ЧАҲОР ЗАБОН
Ашъори баргузидаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, одамшуъарои шеъри форсӣ бо номи “Насими Бухоро” бо забонҳои форсӣ, русӣ, инглисӣ ва тоҷикӣ (сирилик) мунташир шудааст.
Ба гуфтаи Ҳусайн Шерхонӣ, масъули бахши фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар маросими муаррифии ин китоб дар шаҳри Теҳрон Мирзошорух Асрорӣ ва Муҳаммад Ҳусейнӣ, вузарои фарҳанги Тоҷикистону Эрон, ширкат кардаанд. Оқои Асрорӣ дар ин маросим гуфтааст, устод Рӯдакӣ дар рустои Рӯдак дар водии Зарафшони Тоҷикистон ба дунё омада ва аз бузургтарин саромадони шеъру забони форсӣ маҳсуб мешавад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон чопи китоби “Насими Бухоро”-ро тӯҳфаи беҳтарин барои ҷашни Наврӯзи Аҷам хондааст. Ғуломалӣ Ҳақдоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, таъкид кардааст, ки пас аз ҳазор сол низ забони шеъри Рӯдакӣ барои форсизабонҳо мафҳум аст ва ин амр аз вижагиҳои забони форсӣ маҳсуб мешавад.
Зимнан, ашъори устод Рӯдакиро Настаран Нусратзодагон ба инглисӣ, Эрона Замонӣ ба русӣ тарҷума ва Шоҳмансур Шоҳмирзо ба сирилик баргардон карда ва аз ҷониби Дафтари Фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ё ЭСО мунташир гардидааст. Дар назар аст, дар рӯзҳои наздик Дафтари Фарҳангии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ китоби “Ташрифоти Наврӯз”-ро чоп кунад.
Би-Би-Си