ФИЛМБАРДОРИ АЛҶАЗИРА ДАР ЛИБӢ КУШТА ШУД
Шабакаи телевизиюнии Алҷазира мегӯяд яке аз филмбардорони ин шабака дар Либӣ кушта шудааст. Алӣ Ҳасан Алҷаббор, ки табаъаи Қатар буд, бо гурӯҳи ҳамроҳаш дар наздикии Бенғозӣ дар шарқи Либӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.
Хабарнигори Алҷазира дар Либӣ, нерӯҳои вафодор ба сарҳанг Қаззофиро дар марги ин филмбардор муқассир дониста ва гуфтааст ин ҳамла нишон медиҳад, ки нерӯҳои раҳбари Либӣ қодир ҳастанд ҳатто дар манотиқе, ки дар дасти шӯришиён аст, даст ба чунин иқдомоте бизананд. Алҷазира мегӯяд оқои Ҳасан Алҷобир дар ҳини бозгашт аз филмбардории тазоҳуроти мухолифон дар наздикии Бенғозӣ буд, ки афроди ношинос ба сӯйи худраве ҳомили ӯ ва ҳамкоронаш тирандозӣ карданд, ки ду нафар мавриди исобати тир қарор гирифтанд.
Филмбардори Алҷазира сареъан ба бемористон мунтақил шуд, аммо дар бемористон ҷони худро аз даст дод. Вазоҳ Ханфар , раиси шабакаи телевизиюнии Алҷазира, гуфтааст ин шабака "сокит нахоҳад нишаст ва афродеро, ки муқассир буданд, аз роҳҳои қонунӣ таҳти таъқиб қарор хоҳад дод." Алҷазира тайи баёнияе ин ҷиноятро маҳкум карда ва гуфтааст ин иқдом бахше аз талоши давлати Либӣ барои ҳадаф қарор додани Алҷазира ва коркунонаш аст.
Би-Би-Си