22:24:25 02-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ БОЗСОЗИИ ҶОДАҲОИ “ПРУТУКУЛИИ” ДУШАНБЕ

Шаҳрдории Душанбе бозсозии комили ҷодаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон оғоз кардааст. Қарор аст то баргузории ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон куллия роҳҳои мошингарди ба истилоҳ “прутукулӣ” тармим шаванд.

 

dushanbeБад-ин манзур шаҳрдорӣ бо ширкати чинии “Чайна роуд” созишномае имзо карда ва онро муваззаф кардааст, ки умури бозсозии ҷодаҳо то 31 август анҷом ёбад. Абдулхайр Оев, муъовини шаҳрдори Душанбе, рӯзи душанбеи 14 март дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки бори охир ҷодаҳои марказии Душанбе 12 сол қабл тармим шудаанд ва ҳамакнун ниёз ба бозсозӣ доранд. Ба гуфтаи вай, қарор аст роҳи утумубилрав аз фурӯдгоҳи Душанбе то корхонаи тавлиди семент дар шимоли пойтахти Тоҷикистон, бо шумули қитъаҳои хиёбони Аҳмади Дониш, Айнӣ ва Рӯдакӣ бозсозӣ шаванд.

 

Оқои Оев аз ироаи иттилоъ дар бораи маблағе, ки шаҳрдорӣ барои иҷрои ин тарҳ ихтисос додааст, худдорӣ кард, вале гуфт дар ин замина бо ширкати “Чайна роуд” созишнома имзо шуда ва коршиносони чинӣ ба умури сохтмонӣ оғоз кардаанд. Ба гуфтаи муъовини шаҳрдори Душанбе, бозсозии комили ҷодаҳои марказии Душанбе маҳдудиятҳое дар мавриди ҳаракати васоили нақлия тавассути ин роҳҳоро дар назар дорад.

 

Оқои Оев афзуд: “Таъмири комил бидуни маҳдудият ғайримумкин аст. Ба ин далел, дар ҳолатҳои зарурӣ мо ҳаракати васоили нақлия тавассути бархе аз қисматҳои ин роҳҳоро маҳдуд месозем.”

 

Ин дар ҳолест, ки дар пайи афзоиши бамаротиби миқдори худравҳо дар чанд соли ахир дар Душанбе, маҳдудият дар ҷодаҳо барои ронанадагон ва сокинони пойтахти Тоҷикистон мушкилоти фаровонеро эҷод мекунад. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Абдулхайр Оев, таъмири комили ҷодаҳои марказӣ васеъ сохтани зарфияти ин роҳҳоро ҳадаф надорад ва онҳо “дар чорчӯби зарфияти феълӣ бозсозӣ мешаванд.”

 

Аз сӯйи дигар, кайфияти роҳҳои мошиинград дар Душанбе ҳамвора мавриди интиқоди коршиносон қарор дорад. Гуфта мешавад, ҳарчанд шаҳрдорӣ ҳамасола чанд ҷодаи дохили шаҳрро мавриди бозсозӣ қарор медиҳад, вале ин мушкил ҳамчунон рафъ нашудааст. Ба гуфтаи соҳибназароон, кайфияти роҳҳои Душанбе бавижа баъд аз фасли сармо ва боришот шадидан нигаронкунанда мешавад. Абдулхайр Боев дар посух ба ин иддаъо гуфт, ки аз як ҳафта қабл роҳсозон ба таъмири “мавсимии” ҷодаҳои пойтахт оғоз кардаанд ва интизор меравад дар зудтарин фурсат ин умур анҷом хоҳад ёфт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4651-oghozi-bozsozii-jodahoi-dushanbe.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854