22:31:11 02-уми Июни 2025 сол

ГУФТУГӮИ БОРДЮЖА БО ДАБИРИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Қайроққум нишасти раҳбарони Шӯроҳои амнияти бархе аз кишварҳои узви СПАД оғоз ёфтааст. Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД, ки бо як сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон омадааст, ин нишастро барои арзёбии вазъи минтақа муҳим хонд. Вай гуфт, "ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои арабӣ ва дар пасманзари он нооромиҳо дар баръе аз кишварҳои пасошӯравӣ бори дигар водор месозад, ки дар чаҳорсӯби СПАД ҷиҳати суботи авзоъ якҷоя тасмим бигирем."

 

kalasa 2011Ҷаноби Бордюжа дар ин сӯҳбати худ ба вазъ дар Афғонистон ҳам ишора кард ва афзуд, "ҳамаи иқдомот барои хатми ҷанг дар Афғонистон натиҷаи дилхоҳ надодааст. Гузашта аз ин, гурӯҳи "Толибон" дар шимоли Афғонистон пайдо мешаванд ва ба марзҳои кишварҳои узви СПАД наздик меоянд. Ин ба оромии авзоъ дар кишварҳои минтақа таъсир мегузорад. Кӯшишҳои ба ҳам задани оромиву субот дар минтақа тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳ низ ба мушоҳида мерасад."

 

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, гуфт, "ин ҷо фурсатест, то мо барои ҷилавгирӣ аз рухдодҳои номатлуб чораҳо биандешем." Ин гуфтугӯи Дабири кулли СПАД бо Амирқул Азимов дар ҳолест, ки минтақаи шарқи Тоҷикистон дар тобистону тирамоҳи соли гузашта шоҳиди ноамниҳо буд. Мақомот он замон аз вуруди гурӯҳҳои ифротгарои мусаллаҳ аз хориҷ ба Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд.

 

Дар ин гуфтугӯи Николай Бордюжа ва Амирқул Азимов, муовини котиби Шӯрои амнияти Русия Юрий Зубаков ва намояндаи Шӯрои амнияти Қирғизистон низ иштирок доранд. Ҳайати Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ қабл аз ворид шудан ба Тоҷикистон, аз манотиқи ҷанубии Қирғизистон боздид ва бо мақомоти амниятии ин кишвар гуфтугӯ анҷом додаанд. 

 

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Николай Бордюжа рӯзҳои 16 ва 17-уми март дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои СПАД дар Душанбе иштирок хоҳад кард. Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорусия ва Арманистон кишварҳои узви СПАД ҳастанд.

 

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4652-gufgugui-bordiozha-bo-dabiri-shuroi-amniyati-tojikiston.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854