ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ ДАР ҚАНДАҲОР ДАҲҲО КУШТА ВА ЗАХМӢ ДОД
Як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Қундуз, дар шимоли Афғонистон, даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст. Ин ҳамла ҳаволии баъд аз зуҳри рӯзи душанбе, 14 март, як маркази ҷалбу ҷазби артиши Афғонистонро дар дохили шаҳри Қундуз ҳадаф қарор додааст.
Раиси бемористони "Дусад бистар"-и Қундуз ба Би-би-сӣ гуфт, ки дастикам сиву се нафар дар ин ҳамла кушта ва ба ҳамин теъдод афрод захмӣ шудаанд. Манобеъи ин бемористон гуфтаанд, ки теъдоди зиёде аз ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон дар миёни қурбониёни ин ҳамла ҳастанд. Ин севумин ҳамлаи маргбор дар Қундуз дар зарфи понздаҳ рӯзи ахир аст. Дар ҳамлаи ҳафтаҳои ахир дар ин вилоят даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта як ҳамлаи интиҳорӣ мунҷар ба кушта шудани фармондеҳи пулиси Қундуз ва ҳафт пулиси дигар шуд.
Хушунатҳо дар Афғонистон зарфи моҳҳои ахир башиддат афзоиш ёфтааст ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ нисбат ба афзоиши талафоти ғайринизомиён дар ин хушунатҳо ибрози нигаронӣ кардаанд. Интизор меравад то ҳудуди як ҳафтаи дигар, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, барномаи интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғонро эълом кунад. Қарор аст авосити соли ҷории мелодӣ раванди хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон оғоз шавад ва мақомоти НОТУ, нисбат ба афзоиши хушунатҳо дар баҳори пеши рӯ дар Афғонистон ҳушдор додаанд.
Би-Би-Си