НАВРӮЗ ДОРОИ НИШОНИ РАСМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ШУД
Дар Тоҷикистон нахустин самбули наврӯзӣ аз сӯйи раиси ҷумҳури ин кишвар ба унвони нишони расмии Наврӯз дар кишвар таъйид шуд.
Ин нахустин нишони расмӣ ва доимии Наврӯз дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки ба гуфтаи раёсати ҷумҳурии кишвар аз ин ба баъд дар ҳамаи наврӯзгоҳҳо дар канори ороишҳои дигари наврӯзӣ ва баҳорӣ ба чашм хоҳад расид. Барои таҳияи нишонҳои наврӯзии сарисинагӣ низ аз ин самбул истифода хоҳад шуд. Тибқи иттилоъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нишон ё самбули таъйидшудаи наврӯзӣ бо кумаки олимон таҳия шудааст.
Дар ин нишон ба навиштаи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурӣ, “ки ба шакли кураи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиъат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.”
Барномаи расмии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе, дар наврӯзгоҳи ҷадиди пойтахт, ки дар маҳалли майдони аспдавонӣ (иподром) бунёд шудааст, баргузор хоҳад шуд.
Би-Би-Си