22:34:42 02-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ ИМА ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ЛОИҲАИ «ТАНДУРУСТИИ БОСИФАТ»

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Лоиҳаи «Тандурустии босифат»-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) омӯзишро дар мавзӯи идораи захираҳои инсонӣ барои созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД), ки дар соҳаи пешгирии ВНМО дар байни гурӯҳҳои осебпазир кор мекунанд, мегузаронад. Лоиҳаи «Тандурустии босифат», ки аз тарафи USAID маблағгузорӣ мешавад ин омӯзишро дар доираи барномаҳои панҷсолаи худ мегузаронад, ки ба самти мустаҳкамгардонии системаҳои тандурустии ҷамъиятӣ ва беҳгардонии саломатӣ дар Осиёи Марказӣ равона карда шудаанд.

 

USAID 2011Аз соли 2001 инҷониб USAID ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза оид ба пешгирии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар беҳгардонии сифати расонидани  кӯмаки тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда шарик мебошанд. USAID ба воситаи бурсияҳо, чорабиниҳои маърифатӣ, кӯмаки техникӣ ба созмонҳои маҳаллӣ ва шарикони стратегӣ, оид ба беҳгардонии расонидани кӯмак ба воситаи боло бурдани нерӯҳои созмонҳои маҳаллӣ ва институтсионализатсияи таҷрибаҳои беҳтарин фаъолияти худро идома медиҳад.

 

Кормандони 20 созмони ғайридавлатӣ аз тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» барои иштирок дар омӯзиш оид ба идораи захираҳои инсонӣ даъват шудаанд.

 

USAIDҲадафи ин омӯзиши амалӣ мустаҳкамгардонии қобилияти СҒД барои пешниҳоди хидматҳои худ ба аҳолии таҳти хатар, ҳамчунин ҳалли мушкилоти азкорравии мутахассисон аст, ки ба СҒД барои  боло бурдани дастрасӣ ба хизматрасониҳои онҳо халал мерасонад, Омӯзгорон омӯзишро мувофиқи дастурҳои навтарин дар корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва усулҳои омӯзиши кормандони иҷтимоӣ, стратегияи қабули кормандон ва пардохти музди меҳнат, ҳамчунин идораи кадрҳо аз тарафи СҒД барои боло бурдани самаранокии барномаҳо мегузаронанд.

 

Дар доираи Лоиҳаи «Тандурустии босифат» дастгирии минбаъдаи техникӣ ва амалигардонии роҳбаладӣ барои СҒД баҳри истифодаи беҳтар ва дар амал татбиқ намудани донишу малакаҳои ҳангоми омӯзиш ба даст овардашуда пешниҳод мегардад. Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз чанд лоиҳаҳои мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе  ба миқдори 900 миллион доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854