НОМЗАДИИ АМИРҚУЛ АЗИМОВ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи Сино сабқат мекунад. Усмон Солеҳ, масъули шӯъбаи иттилооти ҲХДТ, гуфт, вакилони конфронси 27-уми ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз номзадии ҷаноби Азимов пуштибонӣ намудаанд.
Ба ин тартиб, ҷаноби Азимов севумин нафарест, ки аз тасмими худ барои ширкат дар ин ҳавза хабар медиҳад. Аз ин пештар Толибшоҳ Саидзода, муҳаррири нашрияи "Миллат" мушорикати худ ба ҳайси номзади мустақилро эълон карда буд. Ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи кишвар, Саидиброҳими Назарро ба вакилии Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ намудааст.
Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба иллати қатъи зудраси ваколатҳои намояндаи он дар парлумон, Шермаҳмади Шоҳиён, доир хоҳад шуд. Шермаҳмади Шоҳиён вакили пешини ноҳияи Сино дар парлумони кишвар ҳамакнун раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоб шудааст.
“Ҳавзаи доғ”
Дар соли гузашта ба ҳангоми баргузории интихоботи парлумонӣ ноҳияи Сино аз ҳавзаҳои доғ дар ин маърака ба ҳисоб мерафт. Зеро дар он баробари намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Ҳизби сотсиал-демократ Раҳматилло Зойиров низ муддаии курсии вакилӣ дар парлумон буд.
Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, қаблан ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои баргузории интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи рақами 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе омодагиҳо шурӯъ шудааст ва интихобот дар ин ҳавза рӯзи 15-уми май баргузор мегардад.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 21 нафари онҳо бар пояи феҳристи ҳизбӣ ва 42 вакили боқимонда дар ҳавзаҳои инфиродӣ баргузида мешаванд. Интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистон аз сӯи нозирони ғарбӣ, созмонҳои байналмилалие чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо "ғайришаффоф ва ғайридемократӣ" арзёбӣ шуда буд.
«Озодӣ»