21:16:11 02-уми Июни 2025 сол

ДАР ТАЗОҲУРОТИ ДАРЪОИ СУРИЯ 3 НАФАР КУШТА ШУДААСТ

Дар Сурия ҳазорон нафар аз аҳолии шаҳри Даръо ва атрофи он рӯзи ҷумъа дар ин шаҳр раҳпаймӣ анҷом доданд. Ин шаҳр ҳоло ба маркази тазоҳуроти эътирозӣ табдил ёфтааст.

Рӯзи ҷумъа созмондиҳандагон барои гиромидошти хотираи қурбониён “Рӯзи қурбониён” эълон карданд ва аз ширкаткунандагон хостанд, ки хотираи 70 нафарро, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътрозии ду ҳафтаи ахир кушта шудаанд, гиромӣ доранд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа 5 000 нафар ширкат кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, нируҳои амниятӣ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд ва се нафар кушта шудааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854