03:32:47 09-уми Июни 2025 сол

«ИСТИҚЛОЛ» МАРОТИБАИ ДУВВУМ СОҲИБИ СУПЕРКУБОК ШУД

Чанд лаҳза пештар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа маркази вилояти Хатлон бозии футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар ТАДАЗ» барои гирифтани Ҷоми Ҷомҳо ё худ Суперкубок ба анҷом расид. 

istiklolДар тӯли навад дақиқаи бозӣ ба ҳеҷ кадом аз тарафҳо муяссар нашуд, ки ба дарвозаи ҳариф тӯб бизанад. Доварон барои муайян карани ғолиб 30 дақиқа вақти иловагӣ доданд. Дар дақиқаи 17-уми вақти иловагӣ ба ҳуҷумкунандаи дастаи «Истиқлол» Дилшод Васиев муяссар шуд, ки тӯбро вориди дарвозаи «Регар-ТАДАЗ» намояд.

Талошу кӯшишҳои бозингарони «Регар-ТАДАЗ» барои баробар кардани ҳисоб натиҷаи дилхоҳ надоданд. Ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби як  бар сифр ба фоидаи тими «Истиқлол» анҷом ёфт. «Истиқлол» инак маротибаи дуввум аст, ки соҳиби Суперкубоки Тоҷикистон оид ба футбол мегардад.

Субҳон Озодаев, «Рӯзгор» аз Қӯрғонтеппа

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854