07:57:14 09-уми Июни 2025 сол

ВУД: "МУЛЛО АБДУЛЛО КУШТА ШУД"

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло ва даҳ ҷонибдори ӯ дар як амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ кушта шудаанд.

mullo abdulloМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ин амалиёт тавассути сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод субҳи рӯзи 14-уми апрел оғоз ёфта буд.

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон аз поизи соли гузашта алайҳи нерӯҳои Мулло Абдулло амалиёти густардаи худро оғоз карда буданд. Ин амалиёт баъд аз ҳамла ба корвони вазорати дифои Тоҷикистон ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камароб оғоз шуд.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯши Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи мухолифон вогузор намуданд.

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, дар соли 1997 шароити созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифонро напазируфт ва ба ҷанги худ идома дод. Аммо баъдтар бино ба хабарҳо ба Афғонистон ва Покистон паноҳанда шуда буд. Шабаҳи ӯ аз ду сол ба ин ҷониб дар шарқи Тоҷикистон гашту гузор дошт.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.04.2011 11:19
Дуо мекунем, ки дар кишвари азизамон Сулху субот пойдор бимонад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854