ТАРҲИ СОЗИШНОМАИ ҶАДИД БАРОИ МАРЗБОНОНИ РУС
Масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки тарҳи созишномаи ҷадиди миёни Русия ва Тоҷикистон “Дар бораи ҳузури мушовирони марзбони рус дар Тоҷикистон” омода шудааст. Ба гуфтаи муъовини вазири хориҷа, қарор аст дар ояндаи наздик ин тарҳ миёни мақомоти зиддахли ду кишвар ба имзо расад.
Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 18 апрел бо таъкид ба нақши ҳамкориҳои судманди Русия ва Тоҷикистон дар зиндагии иҷтимоъии сокинони Тоҷикистон гуфт: “Қарордоди аввал дар бораи ҳузури ин мушовирон дар соли 2011 ба поён мерасад ва бо таваҷҷӯҳ ба ин, ниёз ба қарордоди ҷадид аст.”
Вай аз ироаи ҷузъиёти ин қарордод худдорӣ кард. То нимаи соли 2005 куллияи воҳидҳои марзбонии Русия аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон хориҷ шуда ва танҳо гурӯҳи мушовирони марзбонии Русия дар ин кишвар боқӣ монданд.
Қарордод дар бораи тамдиди ҳузури ин мушовирон дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста ҷараён дошт ва Идораи кулли нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии ин кишвар қаблан гуфта буд, ки натоиҷи ин музокирот дертар расман эълом шавад.
Сухангӯйи Идораи кулли нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, қаблан гуфта буд, ки мумкин аст дар наҳваи фаъолияти мушовирони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистон таҷдиди назар шавад. Дар ин нишасти матбуъотӣ, ҳамчунин хабарнигорон дар мавриди имкони истифодаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ аз фурудгоҳи низомии Айнӣ дар ҳаволии шаҳри Душанбе суол карданд.
Низомиддин Зоҳидов дар посух ба ин суол гуфт: “Беҳтарин ҳамкориҳоро Тоҷикистон бо Русия дорад. Ва агар масоиле дар мавриди истифода аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ба вуҷуд биёяд ин кишвар танҳо Русия хоҳад буд. Вале то имрӯз ин мавзӯъ матраҳ нашудаст."
Дар гузашта дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар бораи имкони истифода аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ аз сӯйи бархе аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Ҳинд хабарҳое пахш шуда буд.
Би-Би-Си