ЭЪЛОНИ ҲУВИЯТИ АФРОДИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳувияти нӯҳ тан аз кушташудагони амалиёти вижа дар Раштро эълон кардааст.
Бино ба гуфтаи мақомоти ин кумита, дар миёни кушташудагон Сулаймоншо Маҳмадшоеви 36-сола, бошандаи деҳаи Шӯли ноҳияи Рашт, Аёмиддин Маннонови 30-сола, маъруф ба Умар, Манучеҳр Маннонови 23-сола, Давлат Нуриддинови 42-сола, Муҳаммадҷон Давлатҷони 17-сола, муллақаб ба Холид, Маҳдӣ Шарифови 23 сола, Лутфулло Муродови 19-сола, Меъроҷуддин Муродов, муллақаб ба Абдулбосит ва Мирзоаҳмад Маҳмадов, мулаққаб ба Хушвахт (ҳама сокинони ноҳияи Нуробод) шиносоӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, тафтишот ҷиҳати ошкор кардани ҳувияти афроди боқимондаи гурӯҳи Мулло Абдуло идома дорад. Ин манбаъ ҳамчунин аз кашфи миқдори зиёди яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, васоити мухобира, маводи таркандаву лавозимоти дигари ҳарбӣ, миқдори зиёди хӯрокворӣ, генераторҳои электрикӣ, маводи сӯхт ва 15 силиндри газ аз махфигоҳи ин гурӯҳ хабар дод.
Бар асоси иттилои Кумитаи амнияти миллӣ инчунин аз махфигоҳи гурӯҳи Мулло Абдулло адабиёти динӣ ва парчаме бо навиштаи "Ҷамоати Ансоруллоҳ" низ пайдо шудааст. Исми "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар пайи таркиши маргталабона дар назди бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазоарти умури дохилӣ дар Суғд дар тирамоҳи соли гузашта пайдо шуд. Он вақт ин ҷамоати барои ҷомеаи Тоҷикистон ношинос масъулияти таркишро ба ӯҳда гирифта буд.
Пештар аз ин, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 мусаллаҳи ӯро тасдиқ карда буд. Дар ин изҳорот гуфта мешуд, ки амалиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шудани маҳалли будубоши он "дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 км дуртар аз маркази ноҳия, дар мавзеи баланду мушкилгузар" рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт.
Ҳангоме, ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби "Мулло Абдулло", ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 тан аз "аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ" кушта шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори таассуф карда буд, ки дар ин даргирӣ "ду нафар аз сокинони маҳаллӣ ба шаҳодат расиданд ва ду нафар аз кормандони мақомоти амният ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд."
«Озодӣ»