01:54:38 01-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОТИБИ ИҶРОИЯИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ СЕРГЕЙ ЛЕБЕДЕВ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчўби ин созмон баррасӣ шуд.

lebedevТаваҷҷўҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба ҳамоиши навбатии имсолаи сарони давлатҳои аъзои ИДМ, ки тирамоҳи соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 20 – уми таърихи мавҷудияти ин созмон хотирмон хоҳад буд. Таъкид гардид, ки ба души Тоҷикистон вогузор шудани раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солгарди 20 – уми созмон нишонаи нуфузу эътибори баланди ин кишвар дар иттиҳод мебошад.

Сергей Лебедев ба рафти раёсати кишвари мо дар ИДМ баҳои баланд дода, аз ҷумла иброз дошт, ки «Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри иҷрои ин вазифаи пурмасъулият хеле фаъол ва босамар ба роҳ мондааст».

Доир ба рафти татбиқи Консепсияи рушди иқтисодии ИДМ ва таҳияи Барномаи ҳамкории инноватсионии ИДМ барои то соли 2020, ки аз мавзўъҳои асосии ҳамоиши ояндаи сарони давлатҳо хоҳанд буд ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

President.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854