06:16:22 01-уми Июни 2025 сол

НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ МУАЙЯН ГАРДИД

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ» аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар қаламрави  ҷумҳурӣ барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд.

Тавре ба мо аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил  хабар доданд, тибқи  маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил шумораи аҳолии доимии Ҷумҳурии  Тоҷикистон то ҳолати 21 сентябри соли 2010- 7 миллиону 565 ҳазор нафарро ташкил кардааст.

Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат  ба соли 2000-ум 1 миллиону 438 ҳазор нафар ё 23 фоиз, дар муқоиса бо ҳисоби маълумоти аввали соли 2010   35,4 ҳазор нафар ё 0,5 фоиз зиёд шудааст. Зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавтидагон ба вуҷуд меояд.

Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолии шаҳрҳо ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли  2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23,3 фоиз зиёд шуда, аҳолии деҳот низ дар ин давра 1 ҳазору 59 ҳазор нафар ё 23, 5 фоиз афзудааст.

Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000-ум дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010    мӯътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот- 27 фоиз аҳолии шаҳр ва 73 фоиз аҳолии деҳотро ташкил кардааст.

Натиҷаҳои ҷамъбасти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил зина ба зина дар давоми соли 2013 натиҷагирӣ карда шуда, дар шакли нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 ба истифодабарандагон пешниҳод карда мешаванд.

Дилшодаи Хайруллоҳ, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854