18:39:52 01-уми Июли 2025 сол

ДОНИШҶӮЙИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМӢ МУТТАҲАМ БА МОШИНДУЗДӢ

Маъмурони пулиси шаҳри Душанбе як донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати худрав ва минибусҳо боздошт кардаанд. Ба гуфтаи маъмурон, ин донишҷӯ якҷо бо як ҳамдеҳаи худ аз рустои Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ шаш минибуси мавсум ба “Чанху”, ки миёни мардум бештар бо номи "Тангем" маъруф аст, ва як худрави “Нексия”-ро ба сирқат бурдаанд.

tangem304741.jpg

Нусратулло Саидов, сухангӯйи пулиси шаҳри Душанбе, рӯзи чаҳоршанбеи 25 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони интизомӣ ахиран Кифоятулло Ахмедов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва донишҷӯйи Донишкадаи исломии Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, оқои Ахмедов якҷо бо Абдуғаффор Раҳмонов, як ҳамдеҳаи худ, дар тӯли чанд моҳи ахир ин миқдор минибусҳо ва худравро ба сирқат бурдааст.

Ба гуфтаи сухангӯйи пулиси шаҳри Душанбе, ин ду фарди мазнун худраву минибусҳои рабудашударо ба қисмҳо ҷудо карда ва сипас, ба унвони ядакӣ ё қисмҳои эҳтиётӣ ба фурӯш гузоштаанд. Нусратулло Саидов хабар дод, ки маъмурони пулис тӯли чанд моҳ дар пайи боздошти ин афрод буданд ва дар ниҳоят, дар пайи як амалиёти вижа муваффақ ба боздошти онҳо шудаанд.

Вай хабар дод, ки лошаҳои бархе аз минибусҳо ва худрави рабудашуда ёфт шуда ва бозрасон машғули таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар ин замина ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи пулиси Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки оё дар гузашта низ донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон муртакиби ҷароиме шудаанд ё хайр, изҳори беиттилоъӣ кард.

Вале ба гуфтаи соҳибони бархе аз мағозаҳо ва дуконҳои маркази шаҳри Душанбе, ки дар атрофи Донишкадаи исломӣ воқеъанд, сирқат аз сӯйи муҳассилини ин донишкада падидаи тозае нест. Як масъули фурӯшгоҳи “Тим”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ки нахост исмаш ифшо шавад, гуфт, ки тӯли чанд соли ахир мавориди зиёди дуздии коло ва ғизо аз сӯйи донишҷӯёни ин донишкада ошкор шудааст.

Вай гуфт, ки толори ин фурӯшгоҳ бо дурбинҳо муҷаҳҳаз аст ва масъулон ба рафтори ҳар як муштарии ин фурӯшгоҳ назорат мекунанд ва мавориди сирқат дар компютер сабт мешавад.

Вай афзуд: “Дар чанд маврид мо масъулони донишкадаро даъват кардем ва баъд аз сӯҳбатҳо тасмим гирфтем, ки аз ин аъмоли донишҷӯён ба пулис шикоят набарем. Вале раҳбарони Донишкада қавл медоданд, ки онҳо ин афродро аз донишкада ихроҷ хоҳанд кард.”

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки иртикоби ҷароим дар миёни ақшори мухталифи ҷомеъа дар ҳоли афзоиш аст ва ин раванд ба омӯзиши исломии ҷавонон ҳеч иртиботе надорад. Ба эътиқоди онҳо, фақр ва нодорӣ омили аслии афзоиши мизони ҷароим дар Тоҷикистон аст ва таъсири он дар миёни ҷавонон бештар маҳсус мебошад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ